Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи Тоҷикистон ба Бразилия аз Урдун оғоз мешавад


Тими миллии футболи Тоҷикистон муборизаро барои касби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014, ки дар Бразилия хоҳад гузашт, моҳи ҷорӣ бо ду рақобат бо тими Сурия шурӯъ мекунад. Бозии аввал бояд рӯзи 23 июл дар Сурия мегузашт, вале ФИФА ба далели идомаи ошӯбҳо алайҳи режими раиси он ҷумҳурӣ Башшор Асад ба қароре расид, ки ин бозӣ дар Урдун доир шавад. Бозии ҷавобии Тоҷикистону Сурия 5 рӯз баъдтар , яъне 28 июл, дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд. Бо қарори ФИФА, Яман низ ба маҳзи идомаи ошӯбҳо макони ноамн дониста шуда, аз ҳаққи мизбонии бозии нахустинаш бо тими Ироқ маҳрум шуд. Барандагони ин ду рақобат ба қуръакашии асосии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG