Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин натоиҷи таҳқиқи қазияи марги Магнитский


Сергей Магнитский
Сергей Магнитский
Мақомоти тафтишотии Русия кӯтоҳӣ дар кори маҳбасро иллати марги вакили мудофеъ Сергей Магнитский дар боздоштгоҳ номиданд. Кумитаи тафтишоти Русия барои бори аввал масъулияти мақомот дар марги ин вакили 37-солаи сандуқи сармоягузории «Hermitage Capital”-ро эътироф карда, гуфт, ки “адами ироаи ёрии саривақти тиббӣ” сабаби ҳалокати Магнитский шудааст. Магнитский моҳи ноябри соли 2009 дар боздошт даргузашт. Марги ӯ мавҷи эътирозҳоро дар Ғарб эҷод кард.
XS
SM
MD
LG