Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иҷлоси "мушкил"-и Шӯрои Русияву НАТО дар Сочӣ


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, иҷлоси Шӯрои Русияву НАТО ба маҳзи ихтилофот бар сари нақши НАТО дар Либия ва тарҳи баҳсбарангези Амрико барои истиқрори сипари зиддимушакиаш дар Аврупо «чандон ба осонӣ намегузарад, ки мо интизор доштем.» Ин иҷлос бо ширкати намояндагон аз 28 кишвари узви НАТО имрӯз дар Сочӣ дар ҳоле шурӯъ шуд, ки Маскав мехоҳад итминон бигирад, ки ин сипари мушакӣ Русияро ба ҳадаф надорад. Русия нисбат ба ҳамлаҳои ҳавоии НАТО алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ дидгоҳи интиқодӣ дошта, аз раъйгирӣ дар Шӯрои Амният худдорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG