Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Беларус то 300 эътирозгарро боздошт кардаанд


Ба ҳисоби «Весна», як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар, пулиси Беларус дирӯз, дар Рӯзи истиқлоли кишвар дар манотиқи гуногун ҳудуди 300 эътирозгарро боздошт кардааст. Бино ба хабарҳо, чандин нафар рӯзи якшанбе бо ҷурми чаппакзании баланд ҳангоми суханронии раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дастгир шуданд. Лукашенка дар паёмаш алайҳи ҳар навъ ошӯб ба зидди ҳукуматаш ҳушдор дод. Мақомоти Беларус ба хотири ҷилавгирӣ аз даъват ба эътирозҳо рӯзи 3 июл дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро дар Интернет низ маҳдуд карданд.
XS
SM
MD
LG