Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи Ширин Бунёдро дар зодгоҳаш ба хок супурданд


Ширин Бунёд
Ширин Бунёд
Ҷанозаи шоири маъруф Ширин Бунёд имрӯз дар зодгоҳаш – рустои Хизорҷиви ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон ба хок супурда шуд. Шоири мардумии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар синни 70 ба дунё падруд гуфт. Ӯ ҳанӯз дар солҳои 60 пой ба майдони адабиёти тоҷик гузошта, тайи 20 соли охир раҳбарии бахши бадахшонии Иттиҳодияи адибони Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Дафтарҳои шеъри «Бомдод», «Зартеғ», «Шоҳи тирандоз», «Поси хотир» ва «Шерозаи ваҳдат» аз маҳсули қалами ин шоири хуштабъ ва ширинзабон аст, ки барои мухлисонаш ба ёдгор мемонад.
XS
SM
MD
LG