Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Младичро аз додгоҳи Ҳейг берун карданд


Қозии додгоҳи Ҳейг Алфонс Орие имрӯз ҳукми ихроҷи фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младич аз толори мурофиаро содир кард: “Ҷаноби Младич. Додгоҳ қарор кард, ки шуморо аз толор берун кунанд.”
Далели чунин қарор ба таври мукаррар ба ҷараёни мурофиа халал расондани Младич буд. Младич вакили ҳуқуқии аз сӯи додгоҳ таъйиншударо напазируфта, таҳдид карда буд, ки додгоҳи имрӯзаро бойкот хоҳад кард. Вакили мудофеъи ӯ Милош Салйич қаблан гуфта буд, Младич ба додгоҳ нахоҳад рафт, «ило агар иҷборан эҳзораш кунанд.» Додгоҳи Ҳейг Младичи 69-соларо, ки моҳи май баъд аз 16 соли фирор дар Сербистон боздошт шуд, ба ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла қатли омми 8000 марду кӯдаки мусалмони Сребренитса дар соли 1995, айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG