Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар лӯлаи гази Миср


Мақомоти Миср мегӯянд, субҳи имрӯз ба лӯлаи газе, ки то Исроил ва Урдун кашида шудааст, ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳамла дар Ариш, шаҳре дар 50-километрии марзи Миср бо Исроил сурат гирифтааст. Ин севвумин ҳамла ба ин лӯлаи калидии газ дар Миср тайи 5 моҳи гузашта аз суқути давлати Ҳуснӣ Муборак дар натиҷаи эътирозҳост. Масъулияти таркиш дар лӯлаи гази Мисрро касе ба дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG