Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ба "афви тилоӣ" омодагӣ мегиранд


Маҳбусони чашм ба роҳи "афви тилоӣ"
Маҳбусони чашм ба роҳи "афви тилоӣ"
Бино ба хабарҳо, дар Тоҷикистон ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли кишвар ба таҳияи як қонуни афв шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи манобеъи наздик ба ҳукумат, ин як қонуни ба истилоҳ «афви тилоӣ» шуда, бар асоси он, қарор аст, як бахши бузург аз беш аз 10 000 маҳбусе, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд, раҳо шаванд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ин қонуни афв ба фарқ аз охирин афви соли 2009 маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов ва амсоли онҳоро низ фаро хоҳад гирифт ё на.
XS
SM
MD
LG