Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳури ин кишвар ба омода кардани тарҳи қонуни ҷадиди авф шурӯъ кардаанд.

Як манбаъ дар дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, тарҳи қонун дар вазорату кумитаҳои зидахли ҳукумат таҳия шуда, авохири моҳи равон ва оғози моҳи оянда дар парлумон баррасӣ хоҳад шуд. Бино ба ин манбаъ, шароит ва афроде, ки мавриди авф қарор мегиранд, баъд аз хулосаҳои ниҳодҳои зидахл маълум хоҳанд шуд.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви парлумони Тоҷикистон мегӯяд, бо он вуҷуд, ки ба муносибати 20 -солагии истиқлолияти кишвар ин авф «тилоӣ» унвон
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви парлумони Тоҷикистон

мешавад, як авфи муқаррарӣ хоҳад буд: «Авф авф аст, чӣ «тилоӣ», чӣ «нуқрагӣ»-ву «мисӣ». Фарқе надорад. Аммо ҳоло авф зарур аст, зеро маҳбасҳо аз зиндониён пур шудаанд. Дигар ин, ки як кас гуноҳ кардааст, мӯҳлати кам дорад ва дар паҳлӯи онҳое қарор дорад, ки гуноҳи вазнинтар ва мӯҳлати тӯлонитар гирифтаанд. Бояд касе, ки гуноҳи кам дорад ва тайи чанд соли ҳабс ислоҳ шудааст, озод шавад. Дар маҳбас боқӣ мондани ин гуна афрод хуб нест.»

Авфи охирин ва бузургтарин дар Тоҷикистон соли 2009 ба муносибати 15-солагии қабули Қонуни асосӣ ва соли бузургдошти Имоми Аъзам-асосгузори мазҳаби ҳанафӣ сурат гирифта буд, ки ҳудуди 10 ҳазор зиндониро дарбар мегирифт. Ба ҷуз онҳое, ки бо иттиҳоми хиёнат ба ватан, терроризму дигар ҷароими вазнин зиндонӣ шуда буданд, бақия озод шуданд ва аз мӯҳлати иддае ҳам кам шуд. Аз ҷумла, тамоми занҳо, афроди то 18-сола, мардони аз 55-сола боло, шаҳрвандони хориҷӣ, маъюбони гурӯҳҳои I, II, III, маризони сил, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, зарардидагони фалокати Чернобил ва ғайраҳо озод шуданд.



Дар ҳамин ҳол, иддае бар инанд, ки қонунҳои авф дар Тоҷикистон на ҳамеша амалӣ шудаанд. Ҳоло Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ умедвор аст, ки ҳадди ақалл қавонини авфи солҳои 1995, 1997 ва бавижа 1999, ки авфи 5 000 размандаи Иттиҳоди мухолифини тоҷикро пешбинӣ мекард, амалӣ мешаванд: «Чун дар солҳои гузашта пас аз
Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ

имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ» як чунин авфҳо имзо шуданд, аммо татбиқи амалии худро пайдо накарданд. Ба дунболи он ниҳодҳои махсусе дар вазорати умури дохила, дар додситонии кулл ва дигар ниҳодҳо созмон дода шуданд, ки пайи ҷустуҷӯ ва пайгарди собиқ размандаҳо гаштанд ва аксари размандагони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷикро ба муҷозот кашиданд ва имрӯз теъдоди зиёде аз ин размандаҳо дар маҳбасҳо ба сар мебаранд.»

Баҳори соли 2007 се намояндаи Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик - Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви вақти Маҷлиси Миллӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ, вакилони вақти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни як нома аз раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ хостори озодии ҳудуди 700 размандаи маҳбуси ин ниҳоди собиқ шуда буданд.

Муҳаммадалии Ҳайит ҳамчунин бар зарурати авфи маҳбусони сиёсӣ, ки бо иттиҳомоти марбут ба фасод ва дигар ҷароими иқтисодӣ зиндонӣ шудаанд, аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон таъкид кард.

Мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои кишварро ҳамеша рад мекарданд, аммо аҳзоби мухолифи ҳукумат бар инанд, ки ҷумла аъзои созмонҳои тундгаро - «Ҳизбуттаҳрир», «Салафия» ва "Ҷамоати таблиғ" маҳбуси сиёсӣ ба шумор меоянд, зеро барои ақида зиндонӣ шудаанд. Вале Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ин созмонҳо бо иттиҳомоти терроризму тундгароӣ, қасди бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ангехтани низоъи қавмиву мазҳабӣ муттаҳам мешаванд, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҷароими ҷиноӣ маҳсуб мешаванд, на сиёсӣ.

Аммо коршиносон бар инанд, ки бо вуҷуди «тиллоӣ» маҳсуб шудан авфи қарибулвуқӯъ аз авфҳои пешин фарқе нахоҳад дошт, зеро ба далоили амниятӣ ҳукумат коре намекунад, ки истисноӣ бошад.

Саймуддин Дӯстов, сарвари маркази «Индем» мегӯяд, ба ин авф ин марказ қабл аз ҳама аз зовияи фасоднокӣ бархӯрд мекунад, зеро тибқи таҳлилҳо, дар фазои собиқ шӯравӣ бюрократияи ҳуқуқӣ қабл аз ҳама қобилияти молиявии зиндониёнро ба назар мегирад.

Вай афзуд, Тоҷикистон истисно нест, аммо ба маҳбусони «раддаи аввал» - сарварони аҳзобу фармондеҳони пешин то аъзои қатории созмонҳои мамнӯъ рабт гирифтани авф ба
Саймуддин Дӯстов, сарвари маркази «Индем»

хотири амнияти миллӣ ҳоло аҳамияти вижа дорад: «Имрӯз дар доираҳои ҳукуматӣ низ нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд вобаста ба ҳалли масъалаи асосӣ, яъне ҳифзи ҳукумати шахсии Эмомалии Раҳмон, таҳкими он ва ҳамчунин таҳкими сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон ҳамчун масъалаи дуввум ё саввумдараҷа ин нафарон бо авф фаро гирифта шаванд. Вале он, ки то куҷо ин масъала пиёда хоҳад шуд, ин аз иродаи президент Раҳмон вобаста аст, зеро авф ҳуқуқи истисноии президент аст. Ба назарам, Эмомалии Раҳмон як шанси хуби аз он истифода карданро дорад.»

Аммо иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, роҳандозии авфи идеалӣ дар шароити Тоҷикистон имрӯз берун аз бовар аст ва ҳадди аксар аз чеҳраҳои маъруфе, ки шомили ин авф хоҳанд шуд, ба монанди овозхон Фарзонаи Хуршед ва рӯзноманигори ВВС Урунбой Ӯсмонов хоҳанд буд, ки боздошту будубошашон дар зиндон ҳанӯз мавзӯи баҳси расонаҳову маҳофили сиёсии дохилу хориҷ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG