Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бадахшон бо Ширин Бунёд видоъ мекунанд


Ширин Бунёд

Ширин Бунёд

Имрӯз дар зодгоҳи Ширин Бунёд – рустои Хидоркези ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон маросими видоъ бо ин шоири шинохта доир мешавад. Шоири мардумии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар синни 70 ба дунё падруд гуфт. Номи аслии шоир Хушқадам Қурбонмуҳаммадов буда, ӯ ҳанӯз дар солҳои 60 бо тахаллуси Ширин Бунёд пой ба майдони адабиёти тоҷик гузошт. Ширин Бунёд то дами марг раҳбарии бахши бадахшонии Иттиҳодияи адибони Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Дафтарҳои шеъри «Бомдод», «Зартеғ», «Шоҳи тирандоз», «Поси хотир» ва «Шерозаи ваҳдат» аз маҳсули қалами ин шоири хуштабъ ва ширинзабон аст, ки барои мухлисон ба ёдгор мемонад.
XS
SM
MD
LG