Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ: "Монанди малаху занбӯр ба Аврупо ҳамлавар мешавем."


Муаммар Қаззофӣ таҳдид кард, ки ҷанги Либияро ба Аврупо хоҳад кашонид ва чун "малаху занбӯр" ба хонаву ҷои кори аврупоиён ҳамлавар хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Муаммар Қазофӣ рӯзи ҷумъа дар суханоне, ки аз тариқи баландгӯ барои гурӯҳе аз тарафдоронаш дар майдони Сабзи Троблус пахш мешуд, таҳдид кардааст, ки агар НАТО ҳамлаҳои худро мутаваффиқ накунад, ҷангро ба Апрупо хоҳад кашонид.

Вай, ки ба тозагӣ ҳукми боздошташ аз сӯи Додгоҳи ҷароими байнулмилалӣ содир шуд, изҳор доштааст: "Мардуми Либия метавонанд рӯзе ҷангро ба Аврупо ва баҳри Миёназамин бикашонанд."

Раҳбари инқилоби Либия ҳамчунин дар хитоб ба аврупоиҳо афзудааст: "Мардуми Либия метавонад ба шумо ҳамла кунанд ва хонаҳо, маҳали кор ва аъзои хонаводаи шумо метавонанд аҳдофи низомии машрӯъе барои онҳо бошад, зеро, ки шумо хонаводаҳо, маҳали кор ва кӯдакони моро ба аҳдофи низомӣ табдил кардед ва онҳоро ҳадафи низомии машрӯъ медонед."

Муаммар Қаззофӣ ҳамчунин гуфтааст: "Агар мо тасмим ба анҷоми ин кор бигирем, метавонем ҳаммонанди дастаҳои малах ва занбӯр ба Аврупо ҳамлавар шавем."

Дар ҳоле ки сад рӯз аз оғози ҳамлаҳои ҳавоии НАТО ба нерӯҳои таҳти амри Муаммар Қаззофӣ, ки дар чаҳорчӯби қатъномаи СММ ба манзури эҷоди минтақа парвози мамнӯъ бар фарози Либия мегузарад, ӯ хитоб ба раҳбарони НАТО гуфтааст: "Мо ба шумо тавсия мекунем, пеш аз он ки бо фоҷеа рӯбарӯ шавед, ақибнишинӣ кунед."

Дар вокуниш ба ин таҳдидҳо, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико рӯз шанбе як бори дигар аз Қаззофӣ хост, ки аз қудрат канорагирӣ кунад.

Ҳамчунин вазири умури хориҷии Испания низ, ки кишвараш дар ҳамлаи НАТО ба нерӯҳои таҳти амри Қаззофӣ мушорикат доранд, бар идомаи "ҳамкорӣ"-и ҷомеаи ҷаҳонӣ ба манзури ҳифозат аз шаҳрвандони Либия дар муқобили ҳамлаҳои нерӯҳои Қаззофӣ то дастёбӣ ба аҳдофи мавриди назар таъкид кардааст.

Дар ин миён НАТО рӯзи шанбе, 3-юми июл, эълом кардааст, ки дар ҳамлаҳои ҳавоии худ дар рӯзҳои ахир, панҷоҳ ҳадафи низомиро дар манотиқи ғарбии Либия нобуд кардааст.

Яке аз фармондеҳони низомии НАТО ҳам гуфтааст, фишорҳо бар Муаммар Қаззофӣ барои боздоштани вай аз ҳамла ба ғайринизомиён идома меёбад.
XS
SM
MD
LG