Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии полиси Қазоқистон бо мусаллаҳони номаълум


Бино бар хабарҳои Бахши қазоқии Радиои Озодӣ, даргирии нерӯҳои полиси Қазоқистон бо гурӯҳи мусаллаҳе дар Оқтепа, ғарби ин кишвар идома дорад. Гуфта мешавад, амалиёти полис зидди ин гурӯҳ замоне шурӯъ шуд, ки афроди гурӯҳ ду корманди полисро дар деҳаи Шубаршӣ ба ҳалокат расонданд. Сухангӯи раёсати минтақаии умури дохилии Қазоқистон, Алмат Имонгалиев имрӯз дар як нишасти хабарӣ ин маълумотро тасдиқ кард ва гуфт, ҳанӯз иттилое нест, ки ин гурӯҳ то куҷо ба ситезаҷӯёни исломӣ рабт дорад. Чанд муддати охир даҳҳо нафар аз ақаллиятҳоои мусулмон дар ин минтақа бо иттиҳоми фаъолиятҳои террористӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG