Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти СММ аз тарҳи Юнон дар мавриди кӯмак ба Ғазза


Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун аз пешниҳоди Юнон ба интиқоли кӯмакҳои башарӣ ба фаластиниҳои Навори Ғазза пуштибонӣ кард. Рӯзи ҷумъа Юнон корвони киштиҳоро нагузошт аз бандараш ба қасди Ғазза берун шаванд. Исроил аз соли 2006, замони зери назорати Ҳамос гузаштани Борикаи Ғазза онро ба муҳосира гирифтааст. Бан гуфт, пешниҳоди Юнон шиддатро дар минтақа коҳиш хоҳад дод ва расидани кӯмакҳои зарурии башариро ба Ғазза имконпазир хоҳад кард. Сарвазири Юнон, Ҷорҷ Папандреу ин пешниҳодро бо раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос баррасӣ кард ва ҳимояти ӯро низ ба даст овард.
XS
SM
MD
LG