Пайвандҳои дастрасӣ

Младич мегӯяд, додгоҳро эътироф нахоҳад кард


Имрӯз муҳокимаи фармондеҳи пешини сербҳои Боснӣ Ратко Млдич дар додгоҳи байнулмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ идома пайдо мекунад. Младич ба қатли оми 8 000 мард ва писари мусулмон дар низои Боснӣ, аз ҷумла Сребренитса дар солҳои 1990-ум айбдор мешавад. Вакили ӯ гуфтааст, Младич имрӯз дар ҳоле ки бояд посухи худро диҳад, додгоҳро бойкот хоҳад кард. Младич талаб дорад, на вакили таъйинкардаи додгоҳ, балки каси дигар аз ӯ ҳимоят намояд. Младичи 69-сола пас аз фирори тӯлонӣ дар 16-уми май боздошт шуд. Вай иттиҳомоти алайҳи хешро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG