Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд аз сокинони Кашмир даъват кард, дар ҳалли мушкили худ аз сӯфия кор гиранд.

Саидбек Саидов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон изҳори эътимод кардааст, ки фарҳанги сулҳу тафоҳум ва бародархондагӣ, ки дар фалсафаи сӯфия мақоми хос дорад, метавонад, дар ҳалли мушкили мардуми Ҷамму ва Кашмир нақши ҳалкунанда бозад.

Рӯзномаи “Дейлӣ Индиа” менависад, бо ширкаташ дар як конфаронси байнулмилалӣ дар Сринагар рӯзи шанбе сафири Тоҷикистон гуфт, мардумони водии Кашмир бояд зарурат ва аҳамияти қабули идеологияи сӯфияро ба хотири ҳаёти беҳтари хеш матраҳ кунанд.

Ин нашрия суханони сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Саидбек Саидовро нақли қавл кардааст: “Мардуми Кашмир бояд ба фарҳанги сӯфия таваҷҷӯҳи бештар қойил шаванд, зеро он ба рӯҳу зеҳни эшон ва аз ин тариқ ба ҷомеа оромиш ворид мекунад. Мардумони Кашмир бояд дар бораи ниёкони хеш бештару бештар бидонанд. Ин барояшон имкон медиҳад, бештар биомӯзанд.”

Конфаронси байнулмилалиро Ҷомеаи сӯфиёни Кашмир созмон дода, ташаббускорони он гуфтаанд, ҳадаф аз тартиби конфаронс пахши паёми сулҳу бародариест, ки соликони роҳи тариқат ҳамеша тарғиб кардаву худ аз пайравони он будаанд.

Сӯфиён ва муҳаққиқони тасаввуф аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои ширкат дар ин ҳамоиш дар Сринагар ҷамъ омадаанд.

Мавлоно Нурии Нақшбандӣ, олими тасаввуф гуфт, фарҳанги сӯфия ба таҳкими сулҳу осоиш дар водии Кашмир, ки соли гузашта дар гирдоби хушунату даргириҳо буд, кӯмак хоҳад кард.

Моҳи сентябри соли гузашта дар чанд шаҳри аёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон, бо вуҷуди ҷорӣ шудани қуюди шабгардии шабонарӯзӣ, даҳҳо ҳазор тан аз эътирозгарон бо кормандони полис даргир шуданд. Кормандони полис ҳангоми дифоъ аз манзили вазири маорифи Кашмир сӯи намоишгарон оташ кушоданд. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 20 нафар, аз ҷумла, як корманди полис ҷароҳат бардоштаанд.

Дар намоишҳои густарда мардуми Кашмир аз сиёсати ҳукумати Ҳиндустон интиқод мекунанд. Сокинони Кашмир, ки асосан мусулмонанд, талоши берун рафтан аз ҳайати Ҳиндустонро доранд. Кашмир дар байни Покистону Ҳиндустон тақсим шудааст ва то ин ду кишвар аз соли 1947, замони таҷзия ба ду мамлакат то кунун ду мартаба барои вилояти Кашмир бо ҳам ҷангидаанд. Ҳарду кишвар дорои силоҳи ҳастаӣ мебошанд.

Бо таъкиди аҳамияти конфаронси охир, Мавлоно Нурии Нақшбандӣ, гуфт: “Агар чунин ҳамоишҳо бештар иттифоқ афтад, фазои куллии Кашмир ва ҷомеаи кашмирӣ метавонад ба як фазои исломӣ табдил ёбад. Ва дар зери чатри сӯфия он метавонад ба тарафи сулҳу амният ҳаракат кунад. Ва танҳо сӯфия метавонад инсонҳоро аз табиати зӯроварию зӯргӯияшон ба канор барад.”

Ширкаткунандагони ҳамоиш дар ин мавзӯъ сухан хоҳанд кард ва ҳамчунин таҳқиқоти хешро ба Ҷомеаи сӯфиёни Кашмир тақдим дошта, ёдгориҳои марбут ба тасаввуфро дар водии Кашмир зиёрат хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG