Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус ва Тоҷикистон аз пешсафони афзоиши қурби доллар


Бино бар таҳлили хабаргузории “БелаПАН” Беларус ва Тоҷикистон аз лиҳози суръати афзоиши қурби доллари амрикоӣ дар қаламрави шӯравии пешин ҷойҳои аввалро гирифтаанд. Дар нимсолаи аввал қурби доллар дар Беларус қариб 65-у ним ва дар Тоҷикистон 6 дарсад афзудааст. Ин дар ҳолест, ки қурби доллар дар Узбакистон дар ин муддат чаҳоруним, дар Арманистон якуним ва дар кишварҳои дигар камтар аз 1 дарсад боло рафта, дар Қазоқистон наздик ба 1 дарсад коҳиш ёфтааст. Литва и Латвия, бино бар омор, кишварҳое будаанд, ки аз лиҳози коҳиши қурби доллари амрикоӣ ба сафи аввал баромадаанд. Дар ин кишварҳо қурби доллар дар нимсолаи аввал 8 ва зиёда аз 8 дарсад камтар шудааст. Қаблан мақомоти Тоҷикистон афзоиши қурби долларро як ҳодисаи мавсимӣ унвон карданд.
XS
SM
MD
LG