Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши ба ҳам задани нутқи Лукашенка дар Минск


Полиси Беларус чанде аз тазоҳуркунандагони мухолифи давлатро боздошт кард, ки талош намуданд, нутқи раисиҷумҳур Аляксандр Лукашенкаро бо кафкӯбиҳои зиёдаравона халалдор кунанд. Лукашенка дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти миллии Беларус сухан мекард, ки аз поёни ишғоли кишвар аз тарафи фашистҳои олмонӣ дар соли 1944 маншаъ мегирад. Мухолифон мехостанд, бо кафкӯбиҳои худ ба Лукашенка имкони сухан надиҳанд. Бино ба иттилои хабаргузориҳо, президенти пешини Беларус ва аз мунтақидони феълии Лукашенка, Станислав Шушукевич низ дар байни боздоштшудагон аст. Дар паёмаш Лукашенка ба мухолифон ҳушдор дод, ки ба муқобили ҳукумати ӯ иқдом накунанд. Вай гуфт:

“Ба таври нерӯмандона ва ҳадафмандона ба мо сенариоҳои бевиҷдононаи “инқилобҳои ранга”-ро таҳмил мекунанд, ки бо нусхабардорӣ дар пойтахти баъзе кишварҳо навишта шудаанд. Мо мефаҳмем, ки мақсад аз ин ҳамлаҳо коштани тухми нобоварӣ ва изтироб ва ба ҳам задани ризоияти иҷтимоист. Дар ниҳояти амр, ба зону шинондани мо ва барбод додани ҳамаи дастовардҳои истиқлолият аст.”

Лукашенка афзуд, ба ин роҳ нахоҳад дод. Ҳамзамон дар арафаи иди истиқлолият бо ҳарос аз овозаҳои тазоҳуроти бузурги мухолифон ҳукумати Беларус дастрасӣ ба инетрнет ва шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд кард.
XS
SM
MD
LG