Пайвандҳои дастрасӣ

Стинг консерти худро дар Остона лағв кард


Овозхони саршиноси бритониёӣ, Стинг, консерташ дар Остона, пойтахти Қазоқистонро лағв кард. Ин тасмим замоне гирифта шуд, ки созмони Афви Байнулмилал Стингро аз “саркӯби”, ба гуфтаи он коргарони норозии ширкати нафт огоҳ намуд. Чандин ҳазор коргари ширкати “Узенмунайгаз” моҳи май дар як тазоҳурот аз коҳиши дастмузд ва ҳабси вакили мудофеи худ бо иттиҳомоти сохта эътироз карданд. Ширкат коршиканиро ғайриқонунӣ номид. Ҳафтаи гузашта, сухангӯи ширкат гуфт, 250 коргар барои нақзи қарордоди худ аз кор ронда шуданд. Стинг, ки барои консерташ дар Узбакистон дар соли 2009 интиқод шуда буд, вазъи коргарони Қазоқистонро “ғайри қобили қабул” номид. Консерти ӯ дар Остона қарор буд, имрӯз баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG