Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон ба афғонҳо бомбгузор мефурӯшанд


Хадамоти кашфи Афғонистон мегӯяд, як фармондеҳи Толибони Покистон як бомбгузори маргталабро ба гурӯҳи ситезаҷӯи афғон фурӯхтааст. Дар изҳороти Хадамоти амнияти миллии Афғонистон гуфта мешавад, бомбгузор шаҳрванди Покистон буда, аз тарафи маъмурони амниятии Афғонистон дар вилояти Пактиёи ин кишвар пеш аз он ки вай вазифаашро ба ҷо орад, боздошт шудааст. Ин мард иқрор кардааст, ки Толибони Покистон бомбгузорони маргталабро ба нархи аз 70 000 то 93 000 доллар мефурӯшанд. Мақомоти афғон мегӯянд, ситезаҷӯён дар Покистон паноҳгоҳҳое доранд, ки дар он ҷо ҷангандаҳоеро тамрин медиҳанд ва ба Афғонистон мефиристанд.
XS
SM
MD
LG