Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Силсилаи боздоштҳо дар Рӯзи истиқлоли Беларус


Пулиси Беларус имрӯз чанд эътирозгарро, ки бо чаппакзаниҳои шадид ба суханронии раиси ин ҷумҳурӣ Аляксандр Лукашенка халал мерасонданд, боздошт кард. Лукашенка дар Рӯзи истиқлоли кишвараш, ки ба шарафи рӯзи раҳоии Беларус аз Олмони фашистист, сухан меронд. Ҳанӯз қабл аз ироаи паёми ӯ пулис ҷавононеро, ки бовар мерафт, мӯътариз бошанд ва худро ба байни издиҳоми тарафдорони Лукашенка заданианд, дастгир кард. Дар арафаи рӯзи bстиқлол нахустин раҳбари пасошӯравии Беларус Станислав Шушкевич, ки то соли 1996 раиси парлумони Беларус буд, дар марз бо Литва, дар роҳи бозгашт аз як анҷумани демократӣ дар Вилнюс боздошт шуд. Ӯро баъдан раҳо карданд, вале мухолифин мегӯянд, боздошти ӯву даҳҳои дигар ба хотири фурӯ нишондани эътирозҳост.
XS
SM
MD
LG