Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти раҳбари пешини Беларус дар марз бо Литва


Станислав Шушкевич

Станислав Шушкевич

Марзбонони Беларус раиси собиқи парлумони ин кишвар Станислав Шушкевичро боздошт кардаанд. Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС хабар дод, ки Шушкевич дар марзи Беларусу Литва ҳангоми бозгашт аз Вилнюс дастгир шудааст. Шушкевич ба хотири ширкат дар анҷумани “Ҷомиаҳои демократӣ” ба пойтахти Литва рафта буд. Мақомоти марзбонӣ далели боздошти Шушкевичро, ки аз соли 1991 то 1995 раҳбари Беларус буд, шарҳ надодаанд, вале ин қазияро ба раҳпаймоиҳои мухолифин ба муносибати Рӯзи истиқлоли Беларус, ки имрӯз, 3 июл, таҷлил мешавад, рабт медиҳанд.
XS
SM
MD
LG