Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико: Покистон ё Осиёи Марказӣ?


Пули бузург дар рӯди Омӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки бо сармояи ИМА сохта шуда, соли 2007 мавриди истифода қарор гирифтааст.

Пули бузург дар рӯди Омӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки бо сармояи ИМА сохта шуда, соли 2007 мавриди истифода қарор гирифтааст.

Нигаронӣ аз эҳтимоли ба бастани роҳҳои асосии таъмини нерӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон иқдом кардани Покистон боис шуда, ки Вошингтон барои таъмини нерӯҳои эътилоф рӯи масирҳои ҳавоӣ ва роҳҳои Осиёи Марказӣ бештар ҳисоб кунад.

Нашрияи амрикоии "The Washington Post" бидуни бурдани ном аз қавли мақомоти Пентагон навишт, ки ҳарчанд Покистон ҷиҳати бастани ин масирҳо таҳдиде то ҳол накардааст, вале мақомоти
Пентагон бо ҳифзи тавозун талош хоҳад кард, то чандон вобастаи ҳеҷ кадоме аз ин ду масир нашавад ва ҳамеша имкони табдили яке ба дигарро дошта бошад...

низомии Амрико нигаронанд, ки бад шудани равобити Вошингтон бо Исломобод метавонад амнияти масири Покистон барои таъмини нерӯҳо дар Афғонистонро дучори хатар кунад.

Нашрия дар ин маврид аз муваққатан баста шудани ин масир дар моҳи сентябри соли гузашта ёд овардааст, ки боис ба таҷаммӯи корвонҳои бузурги мошинҳои ҳомили маводи сӯхт дар ағбаи Хайбар шуд ва даҳҳо адад аз ин мошинҳо дар он рӯзҳо тӯъмаи ҳамалоти чирикиҳо шуданд.

ИМА: "МЕХОҲЕМ ҲАРДУРО ДОШТА БОШЕМ"

"The Washington Post" менависад, ба маҳзи дур будани Афғонистон аз бандарҳои баҳрӣ ва вуҷуди Эрони нисбат ба Амрико душман дар марзҳои ғарбии Афғонистон Пентагон алтернативаи зиёде барои таъмини нерӯҳояш дар ин кишвар надорад.

Як мақоми вазорати дифои Амрико бидуни бурдани ном ба ин нашрия гуфтааст, “инҷо фақат ду интихоб аст – ё Осиёи Марказӣ, ё Покистон. Ва мо мехоҳем ҳардуро дошта бошем.”

Ба гуфтаи ин мақом, Пентагон бо ҳифзи тавозун талош хоҳад кард, то чандон вобастаи ҳеҷ кадоме аз ин ду масир нашавад ва ҳамеша имкони табдили яке ба дигарро дошта бошад. Истифода аз роҳҳои ҳавоии экмолотӣ низ матраҳ аст, вале ҳазинаи он нисбат ба роҳи Покистон, барои мисол, ба Пентагон то 10 маротиба гаронтар тамом мешавад.

МАСИРИ ОСЕБПАЗИР

"The Washington Post" менависад, то соли 2009 навад дарсади таъмини нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон аз роҳи бандари Карочӣ ва сипас тавассути ағбаҳои кӯҳистонии Покистон анҷом мешуд. Аммо масири Покистон ба маҳзи ҳамлаҳои роҳзанону чирикиҳо ва офоти табиӣ як масири осебпазир боқӣ мемонад.

Дар ҳоли ҳозир тақрибан 40 дарсади ин таъминот, ба навиштаи"The Washington Post", тавассути роҳҳои оҳану мошингарди Осиёи Марказӣ, ки Пентагон “Шабакаи шимолии таъминот” (Northern Distribution Network) номаш мебарад, иҷро мешавад. Тарроҳони низомии Амрико қасд доштаанд, то поёни соли равон мизони истифода аз роҳи шимолро ба 75 фоиз бирасонанд.
Аз 40 то ба 75 дарсад расидани саҳми масири шимол дар таъмини нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон ба маъноест, ки Душанбе низ дар тақсими ин “пирог” бебаҳра намемонад...


80 дарсади таҳвили борҳои низомӣ аз роҳи Осиёи Марказӣ барои таъмини нерӯҳои Амрикову НАТО тавассути Узбакистон анҷом мешудааст. Тавассути кишваре, ки дар соли 2005 дар пайи интиқоди Ғарб, аз ҷумла Амрико, аз саркӯбии хунини эътирозҳои Андиҷон, нерӯҳои Амрикоро аз қаламраваш берун карда буд.

"АМРИКО МУЗОКИРОТ МЕКУНАД"

Аммо ҳарчӣ бештар фурӯ рафтани пои Амрико дар ботлоқи ҷанги Афғонистон ниёзи Пентагон ба истифода аз хоки Узбакистонро низ бештар карда, табъан заминаро барои дубора гарм кардани муносиботи Вошингтон бо Тошканд ҳамвор кардааст, менависад "The Washington Post".

Ин нашрия меафзояд, маъмурияти Барак Обама феълан ба манзури таъмини шароити истифодаи боз ҳам бештар аз имконоти Осиёи Марказӣ барои таъмини нерӯҳояш дар Афғонистон бо мақомоти Қазоқистону Узбакистон ва кишварҳои дигар вориди музокирот шудааст.

Ин масир нафақат дар амри таъмини феълии 150 000 нерӯи хориҷӣ, бо шумули 99 000 сарбози Амрико, дар Афғонистон муҳим аст, балки ба муҷарради оғози раванди хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз он кишвар вуҷуди масирҳои мухталифи хуруҷ аҳамияти боз ҳам бузургтару ҳаётӣ касб хоҳад кард.

РОҲИ МУРОСО БО РЕЖИМИ КАРИМОВ

Амрико, барои мисол, ба навиштаи "The Washington Post", қасд дорад, то моҳи сентябри соли оянда сеяки асокирашро аз Афғонистон берун бикашад ва дар ин амр ба масирҳои амну собит ниёзи бештар пайдо мекунад. Ин ниёз аст, ки Вошингтон мулзам мешавад, то аз масоили доғе, чун ҳуқуқи башар ва камбуди демократия дар Осиёи Марказӣ муддате дигар як андоза чашм бипӯшад ва аз ҷумла бо режими Ислом Каримов роҳи муросо биҷӯяд.

"The Washington Post" менависад, Узбакистон ба маҳзи доштани роҳҳои зиёди оҳану мошингард то марзи Афғонистон боз ҳам дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои беҳтарин имконоти фанниву лоҷистикӣ ва барои таҳвили бору нерӯ ба Афғонистон тақрибан берақиб боқӣ мемонад.

ТОҶИКИСТОН НИЗ БЕБАҲРА НАМЕМОНАД?

Тоҷикистон, барои мисол, бо вуҷуди доштани зери 1400 километр марзи мустақим бо Афғонистон ва тааҳҳудоти супурдааш ҷиҳати ироаи ҳадди аксари мусоидат ба нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон чунин зербинои муҳками нақлиётиву лоҷистикиро надорад, ки дар ихтиёри Амрикову муттаҳидинаш гузорад.

Вале аз 40 то ба 75 дарсад расидани саҳми масири шимол дар таъмини нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон ба маъноест, ки Душанбе низ дар тақсими ин “пирог” бебаҳра намемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG