Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико рӯи Осиёи Марказӣ бештар ҳисоб хоҳад кард


Пули бузург дар рӯди Омӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Пули бузург дар рӯди Омӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Низомиҳои Амрико истифода аз роҳҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини нирӯҳои худ дар Афғонистонро густариш медиҳанд, чунки метарсанд, ки бад шудани равобити Вошингтон бо Исломобод метавонад истифодаи масири Покистонро ба ин манзур дучори таҳдид кунад. Нашрияи амрикоии "The Washington Post" навишт, ки дар соли 2009 Амрико 90 дарсади экмолоти низомиашро тавассути бандари Карочии Покистон анҷом медод ва ин борҳои низомӣ баъдан тавассути ағбаҳо ба Афғонистон расонида мешуданд. Аммо феълан қариб 40 дарсади таъминоти нирӯҳо дар Афғонистон аз роҳи шимол, тавассути роҳҳои оҳан ва мошингарди Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Нашрия дар ин гузориш бидуни бурдани ном ба мақомоти Пентагон истинод кардааст. Амрико, бино ба хабарҳо, ба манзури истифодаи бештар аз роҳҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини бештари нирӯҳояш дар Афғонистон бо Узбакистону Қазоқистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вориди музокирот шудааст. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 150 000 сарбози хориҷӣ, бо шумули ҳудуди 99 000 сарбози амрикоӣ, дар Афғонистон алайҳи чирикиҳо меҷанганд.
XS
SM
MD
LG