Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи 12 миллиард евро ёрии навбатӣ ба Юнон


Эътирозҳо алайҳи сиёсати зиддибуҳронии давлат дар Юнон чанд моҳ боз идома дорад

Эътирозҳо алайҳи сиёсати зиддибуҳронии давлат дар Юнон чанд моҳ боз идома дорад

Вазирони молияи 16 кишвари узви минтақаи евро роҳи Юнон барои дарёфти бастаи нави кӯмакҳои изтирорӣ ба хотири рафъи хатари варшикастагии ин кишварро боз карданд, аммо ҳушдор доданд, ки ироаи бастаи нави кӯмакҳои молӣ чанд ҳафтаи дигарро дар бар хоҳад гирифт. Интизор меравад, Юнон то 15 июл аз минтақаи евро ва Сандуқи байналмилалии пул 12 миллиард еврои дигар дарёфт кунад. Ин панҷумин баста аз 160 миллиард доллар ваъдаи ёриест, ки соли гузашта ба Юнон доданд. 3,3 миллиард евро аз ин бастаи ахири ёриҳоро Сандуқи пул ва 8,7 миллиарди боқиашро кишварҳои узви минтақаи евро ироа хоҳанд кард. Буҳрони қарзҳои Юнон суботи тамоми минтақаи евроро ба чолиш дучор кардааст.
XS
SM
MD
LG