Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Кӯлоб раванди табдили номҳои узбакӣ ваё бозмонда аз даврони шӯравии кӯчаву хиёбонҳо ва рустоҳо тақрибан ба поён расидааст. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, маҷлиси шаҳр ахиран номи рустои Чоктемури ноҳияи Кӯлобро ба Бахтобод иваз кард. Раиси дастгоҳи ҳукумати Кӯлоб Усмон Хушвахтов гуфт, дар маҷмӯъ табдили номи 10 минтақа дар назар дошта шудааст. Ӯ афзуд, аз ҷумла исми туркии рустои Бештигирмонро ба тоҷикӣ гардонда, ба он Панҷосиёб ном додаанд. Дар шаҳри Кӯлоб кӯчаҳои Фрунзеву Куйбишев, Томин ва Булварная низ акнун ба номи шахсиятҳои маъруфи ин маҳалл гузошта шудаанд.
XS
SM
MD
LG