Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози бунёди манзили ҷадид барои Рақибовҳо


Атовулло Рақибов, ҳангоми эътироз дар назди бинои Омбудсмени тоҷик (Акс аз бойгонӣ)

Атовулло Рақибов, ҳангоми эътироз дар назди бинои Омбудсмени тоҷик (Акс аз бойгонӣ)

Шурӯи бунёди манзили маскунӣ барои хонаводаи Рақибовҳо дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзободро ҳомиёни ҳуқуқи башар пирӯзии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва махсусан расонаҳо дар роҳи барқарории адолат ва мурооти ҳуқуқи инсон арзёбӣ карданд.

Атовулло Рақибов, сокини рустои Мискинобод тӯли ду сол бо мақомоти интизомӣ, ҳокимияти маҳаллӣ ва низ марказии Тоҷикистон дар масъалаи қонунмандии манзили зисташ баҳсҳоеро
Ин аввалин пирӯзӣ аст, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тавонист адолатро бар болои беадолатӣ таъмин кунад...

ба роҳ монда тавонист таваҷҷӯҳи на танҳо расонаҳову мудофеони ҳуқуқи башари кишвар, ҳамчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар сатҳи байналмилалиро ба ин қазия ҷалб кунад.

Дар роҳи таъйиди дурустии амали худ, ӯ ба ҳамроҳи аъзои хонаводааш таҳти таъқибу фишори мақомоти интизомӣ қарор гирифт ва додгоҳи ноҳияи низ ӯро бо иттиҳоми авбошӣ шартан як сол аз озодӣ маҳрум кард.





Аммо ӯ боз ҳам талошҳояшро идома дод ва инак чи хеле ки худи Рақибов дар сӯҳбат бо "Озодӣ" тасдиқ кард, ҳукумати ноҳия санади порчаи замин барои бунёди манзилро ба ӯ додааст ва ҳоло бо кӯмаки моддии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон корҳои сохтмониро шурӯъ кардаанд.
Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми сӯҳбат бо наздикони Атовулло Рақибов ва мақомоти маҳаллии Файзобод

ҲОДИСАИ ПУРСАРУСАДО

Қазияи тахриби манзили маскунии Атовулло Рақибов ба пурсарусадотарин ҳодиса дар шаш-ҳафт моҳи ахир дар расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон табдил шуда буд. Худи Рақибов на танҳо ба мақомоти маҳаллӣ ҳамчунин ба масъулони ҳокимияти марказӣ, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо муроҷиат карда мегуфт, ки хонаи ӯро аз роҳи зӯр ва ғайриқонунӣ тахриб кардаанд. Дар ҳоле ки мақомоти маҳаллӣ мегуфтанд, ки Рақибов дар ҷое хона сохтааст, ки касе барояш иҷозат надодааст.

Ҳамин тавр, Рақибов даъво ва шикоёти худро ба созмонҳои байналмилалӣ матраҳ кард, таваҷҷӯҳи Омбудсмен ва Додситонии кулли Тоҷикстонро ба сарнавишти худ ва аъзои хонаводааш, ки ҳамакнун беҷои зист монда буданд, ҷалб кард.

"НАХУСТИН ПИРӮЗИИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ"

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки дар чандин мурофиаҳои додгоҳии Рақибовҳо ширкат кардааст, гуфт, ин аввалин пирӯзӣ аст, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тавонист адолатро бар болои беадолатӣ таъмин кунад.

Ба ин тартиб ҳоло дар деҳаи Мискинобод сохтмони таҳкурсӣ дар бинои манзили хонаводаи Рақибовҳо оғоз шудааст. Атовулло Рақибов аз он изҳори ризоият кард, ки баъд аз ин ҳама ноумедӣ ва азиятҳо афроде ёфт шуданд, ки дасти кӯмак дароз кунанд.

ҚАЗИЯИ ИҶТИМОӢ Ё СИЁСӢ?

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, мудофеи фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, нафарони зиёде ҳастанд, ки имрӯз бо сарнавишти ин хонавода рӯбарӯянд, вале мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ тавре бо чунин афрод муносибат мекунанд, ки як қазияи иҷтимоӣ ба сиёсӣ бадал мешавад.

Дар ҳоле ки дар чандин гузоришҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар сарнавишти оилаи Рақибовҳо ба унвони намуна аз мавҷудияти як низоми тоталитарӣ дар Тоҷикистон таъкид шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG