Пайвандҳои дастрасӣ

Волии як улусволӣ дар Кунарро рабудаанд


Мақомоти афғон мегӯянд, ҷангиёни эҳтимолан толиб волии як улусволии воқеъ дар наздикии марз бо Покистонро рабудаанд. Франс Пресс аз қавли волии вилояти Кунар Саид Фазлуллоҳ Воҳидӣ хабар дод, ки Мусофирхон Қайюмзай, волии улусволии Ғозиобод ҳамроҳ бо писар ва ду муҳофизаш рабуда шудааст. Воҳидӣ гуфтааст, мақомоти маҳаллӣ феълан «тавассути қабоил ва музокирот бо Толибон барои раҳоии ӯ талош мекунанд.»
XS
SM
MD
LG