Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи ИА аз тасвиби Қонуни асосии Марокаш


Кетрин Эштон

Кетрин Эштон

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон ва куммисари масоили ҳамсоякишварҳо Стефан Фул дар яке баёнияи муштарак аз тасвиби Қонуни асосии ҷадиди Марокаш, ки салоҳиятҳои подшоҳашро коҳиш медиҳад, истиқбол карда, хостори иҷрои зудтари ислоҳот дар ин кишвар шуданд. Натоиҷи муқаддамотии раъйпурсии рӯзи ҷумъаи Марокаш ҳокист, ки аксарияти мардум аз тарҳи ислоҳоти Қонуни асосии ин салтанати арабии воқеъ дар шимолуғарби Африқо ҳимоят кардаанд. Султони Марокаш Муҳаммади шашум дар посух ба эътирозҳо ба анҷоми чунин ислоҳот иқдом кардааст. Вазири умури дохилаи Марокаш Тоиб Ширкавӣ гуфт, 98,5 дарсади мардум ба ин тарҳи ислоҳот раъйи мувофиқ додаанд. Ин ислоҳот қудрати иҷроияро дар Марокаш ба сарвазир супурда, дар ихтиёри подшоҳ танҳо умури низомиву динӣ ва қазоияро боқӣ мегузорад.
XS
SM
MD
LG