Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон иддаои Амрико дар бораи қочоқи таслиҳот аз Эрон ба Ироқу Афғонистонро радд кард. Хабаргузории нимарасмии Форс аз қавли вазири дифоъи Эрон Аҳмад Ваҳидӣ гуфт, “ҳадаф аз дурӯғҳои бебунёд ва мукаррари амрикоиҳо тавҷеҳи иштибоҳҳои онҳост.” Нашрияи амрикоии "The Wall Street Journal" рӯзи ҷумъа бидуни бурдани ном аз қавли мақомоти амрикоӣ навишт, Сипоҳи посдорони инқилоб муттаҳидинашро дар Ироқу Афғонистон бо гулӯлаҳое таъмин мекунад, ки бароит қатли асокири Амрико истифода мешаванд. Бино ба ин гузориш, Эрон ба ҷангиёни толиб мушакҳои дурпарвоз низ додаанд, ки тавонмандии чирикиҳо дар набард алайҳи нирӯҳои эътилофро меафзояд.
XS
SM
MD
LG