Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳ ба ҷовидонаҳо


Андешае чанд перомуни нигоштаҳои интернетӣ, ки ба алломаи беназири Машриқзамин Бобоҷон Ғафуров санги тӯҳмату ғараз андоштааст

Гумон доштам, ки дар он айёми начандон дури пуршӯрушар бо истифода аз имконияти комили ба дасти ҳар касу нокас додаи замони рӯшодгӯӣ танҳо ба унвони Бобоҷон Fафуров тамғаи айб начаспонда монданду боқӣ ҳама роҳбарони сатҳи мухталифро то тавонистанд ғайбату надомат карданд.
Хато кардаам!

Иттифоқан назарам ба навиштаҳои интернетии муаллифе бо имзои «Максим» афтод. Ӯ нигоштааст:

«Дар девори рӯ ба рӯи дафтари кории директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ суратҳои ҳамаи директорон – ибтидо аз Христиан Данилович Френ, ки соли 1818 Осорхонаи Осиё - зербуни Пажӯҳишгоҳи имрӯзаи ховаршиносиро сарварӣ кардааст, насб шудаанд. Аз байни онҳо диққати маро зернавишти сурати Бобоҷон Fафуров, ки вазифаи директори Пажӯҳишгоҳро тӯли солҳои 1956-1977 ба ӯҳда дошт, ба худ ҷалб кард. Навиштаи зери сурат иттилоъ медод, ки то соли 1956 ӯ Котиби Якуми КМ ПК Тоҷикистон буд. Тахмин кардам, кадом ҳодисоту воқеот мансабдори партиявиро ба курсии директори пажӯҳишгоҳи академӣ шинондааст.

Тафсилашро аз асари И.М. Дьяконов «Китоби хотирот» хондам, ки дар он
омадааст:

"Зодаи як қишлоқи тоҷик. Ӯ аллакай соли 1937 то ба мансаби котиби райком расид. Аммо вақте сатҳи болоии партиявии Тоҷикистон холӣ шуд, ӯ ба курсии мансаби котиби якуми КМ ПК Тоҷкистон мушарраф гардид. Вай аз байни ҳамаи котибони якум ягона касест, ки якумра насибаш набудани ин вазифаро дарк намуд ва оқилона рафтор карда, китоби худаш «Таърихи Тоҷикистон»-ро аз чоп баровард. Бародарам Михаил Михайлович ба он тақризи басо сахти манфӣ навишт, новобаста ба он, ки дар оянда ҳамчун археолог ба вай дар Тоҷикистон кор кардан рост меояд. Вале Ғафуров ҳам наранҷид, баракс китобро бо ислоҳҳо аз нав чоп кунонд ва баъди он ба узвияти академияи ҷумҳуриявӣ қабул гардид. Чун баробари ба сари кор омадани роҳбарияти нав ҳамаи котибони якуми давраи сталинӣ «париданд» ва аз мадди назар ғайб заданд, Fафуров ҳамоно ҳамчун академики сатҳи ҷумҳуриявӣ дар қулла монд ва узвияташ ҳам ба КМ дар Маскав нигоҳ дошта шуд. Вақте директорони Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АУ СССР-ро паи ҳам аз кор гирифтанд, директори нави Институт Б.F. Fафуров таъин гардид ва дар ин замина ба узвияти Академияи Умумииттифоқӣ интихоб карда шуд. Ӯ ташкилотчии тавоно ва моҳир будааст. Ягона камбудии вай шӯҳтарпарастиаш буд, ҳамин боис аст, ки сонитар маро бад дида монд, чунки ба Москва оям, на ҳамеша ба наздаш барои таъзим медаромадам(?). Аз ин рӯ, вақте фаҳмид, ки аз умраш кам мондааст, ба КМ рафта таваҷҷӯҳи роҳбариятро ба торафт бештар эътибори сиёсӣ пайдо кардани Арабистони Саудӣ ва аз ҳаводиси ин кишвар ягон маълумот надоштани мо ҷалб намуд. Пешниҳод кард, ки ӯ ҳамчун мусалмон метавонад ба он ҷо барои ҳаҷ равад ва Мадинаю Маккаро зиёрат кунад. Розӣ шуданд ва ба ӯ тарҷумони мусалмон доданд… Баробари баргаштан ба Маскав вай одамони ба худ наздикашро ба утоқи кориаш даъват кард ва тахминан чунин гуфт: -Ман котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон будам – ин ҳеҷ аст, ман узви КМ КПСС будам - ҳеҷ аст, ман академик будам – ин ҳам ҳеҷ аст. Ҳоҷӣ буданамро дар қишлоқи мо баланд арзёбӣ мекунанд. Ва рафт ба ватанаш, барои мурдан.»

Ҳарчанд ин навиштаҳо сатҳианд ва бо як шунид чун боди дайду аз кунҷи гӯш вазида мераванд, изофа аз он ба шахсияти Бобоҷон Fафуров барин алломаи бузурги Машриқзамин, сафири беназири сулҳу дӯстии миёни халқҳо, сиёсатмадори варзида ва аз ҷониби сарварони дар саҳифаи таърихи инсоният нақшёфта, аз қабили Ҷавоҳирлол Неҳру, Индира Ганди, Ҷамол Абдул Носир, Муҳаммад Аҳмад бин Балла, Муҳаммад Зоҳиршоҳ, Муҳаммад Ризошоҳ Паҳлавӣ, Мао Цзе Дун пазируфташуда аз ин ғаразҳо ва айбҷӯию ниқорталабию хусумат доғе намерасад, вале чун зери ин ҳама сатрҳо имзои яке аз маъмултарин ховаршиносони садаи 20-ум И.М. Дьяконов, ки туфайли чунин як роҳбари некбину нексиришт ба мисли Бобоҷон Fафуров аз соли 1956 то охири умр (1999) дар даргоҳи муқаддаси улуми ховаршиносӣ кору эҷод ва пажӯҳиш карда буд, сабт ёфтааст, кас беихтиёр ба андеша водор мешавад.

Воқеан, дар илми шӯравӣ номи Игорь Михайлович Дьяконов сатҳи баланди эътиборро соҳиб аст. Соли 1915 дар Петербург ба дунё омадааст. Дар факултаи таърихи Донишгоҳи Петербург аз донишмандони барҷастаи замон таълим гирифтааст, рисолаи номзадиро дар ҳамин донишгоҳ ҳимоя кардааст, соли 1956 баробари директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи Улуми СССР таъин шудани Бобоҷон Fафуров дар филиали ленинградии ҳамин Пажӯҳишгоҳ ба фаъолият пардохтааст, унвони доктори илмро соли 1960 маҳз дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ соҳиб шудааст. Академияи Улуми Британиё, Академияи санъат ва илми Амрико ӯро ба узвияти худ қабул кардаанд, доктори ифтихории улуми гуманитарии Донишгоҳи Чикаго буд, асарҳои бисёри илмию тадқиқотӣ аз ӯ мерос мондаанд.

Аввал ин кӣ чаро «Максим» аз байни ин қадар сарварони бисёри пажӯҳишгоҳе, ки умри беш аз 190 - сола дорад, маҳз ба Бобоҷон Fафуров таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст, на ба каси дигар, магар танҳо роҳбари ҳизбӣ буданаш ӯро ҳайрон сохтааст?

Бобоҷон Fафуров дар таърихи наздик дуасринаи ин Пажӯҳишгоҳи бонуфуз ягона роҳбаре буд, ки зодаи шарқ аст. Ӯ ҳам дар илм ва ҳам дар роҳбарии сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ шахси тасодуфӣ нест. То расидан ба мансаби Котиби Якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва баъдан ба вазифаи Директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи Улуми СССР, шарафёбиаш ба мақоми академики Академияи Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ вай роҳи тӯлонӣ ва пурпечутоби зиндагию илмиро тай кардааст, мактаби бузурги ҳаётро гузаштааст, дар қӯраи тафсони замона обутоби ғоявию сиёсӣ ёфтааст.

Ҳанӯз солҳои сиюм рағбаташ ба омӯзиш ва тадқиқи таърихи халқи тоҷик зуҳур ёфта буд. Аспирантураи Донишкадаи таърихи Академия Улуми СССР-ро соли 1941 хатм кард ва худи ҳамон сол рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Баъди 11 сол рисолаи доктори илми таърихро ҳимоя кардааст. Ин муддат натанҳо бо адои вазифаҳои бевоситаи масъулиятнокаш – котиби КМ, котиби дуюми КМ ва ниҳоят котиби якум сипарӣ шудааст, балки ҳамзамон ҷиддан харҷи корҳои илмӣ, омӯзишу тадқиқи таърихи кишвар ва вазъи гузаштаю имрӯзаи он, навиштани чандин мақолаю асарҳои арзишноки илмӣ гардидааст. Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон, Академияи Улуми Тоҷикистон барин боргоҳҳои илм ва маърифат маҳз бо ибтикор ва пофишориҳои Бобоҷон Fафуров тавлид ёфтаанд, нерӯҳои ақлонии марказдав бо мақсади таъсис ва рушди илму адабу санъат аз Тошканду Бухорою Самарқанд бо дархосту даъвату пешниҳоди Бобоҷон Fафуров ба пойтахти Тоҷикистон омаданд.

Дар таърихномаи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи Улуми СССР омадааст: «Соли 1956 Институт бо мақсади табодули минбаъдааш ба калонтарин дар СССР маркази тадқиқотии ховаршиносӣ якқатор дигаргуниҳои сохториро аз сар гузаронд.»

Худи ҳамин сана кай ва аз иқдоми кӣ сарчашма гирифтани обрӯю эътибори баъдинаи ҷаҳонии ин даргоҳи илмро собит мекунад. Инро И.М. Дьяконов ҳам инкор намекунад, балки ташкилотчии тавоно ва моҳир будани Бобоҷон Fафуровро дар «Китоби хотирот»- аш таъкид менамояд.

Соли 1956 Кумитаи Марказии КПСС дар Пленуми худ вазъи ногувори баамаломадаи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи Улуми СССР-ро баррасӣ мекунад, фаъолияти он дар мавриди омӯзиши Шарқ ва проблемаҳи минтақа зери эродҳои ҷиддӣ ва танқиди сахт қарор мегиранд. Дар Пленум ба узви КМ КПСС, Котиби Якуми КМ ПК Тоҷикикстон Бобоҷон Fафуров сухан дода мешавад. Баромади Бобоҷон Fафуров як навъ барномаеро мемонд, ки ҳалли марҳала ба марҳалаи масъалаҳои ба миёномадаро мушаххасан фарогир буд ва аз нуқтаи назари ҳам илмӣ ва ҳам давлатӣ ба мақсадҳои дар назди илми ховаршиносӣ гузошташуда ва сиёсати партия ва давлату ҳукумат мувофиқат мекард.

Михаил Суслов – котиби КМ оид ба масъалаҳои идеологӣ ба Н.С. Хрущев-котиби якуми КМ КПСС ифода мекунад, ки номзади тайёр ба вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ана, ҳамин Бобоҷон Fафуров аст.

Ин ҷавоби мушаххас ба тааҷҷуб ва тахмини «Максим» дар мавриди «кадом ҳодисоту воқеъот ба курсии директори пажӯҳишгоҳи академӣ шинондани ходими партиявӣ» мебошад.

Боре ҳангоми дар Маскав меҳмони духтари Бобоҷон Fафуров – Ненель Бобоҷоновна буданам пурсидам, ки чаро Бобоҷон Fафуров аз роҳбарии ҷумҳурӣ даст кашида, ба вазифаи директори пажӯҳишгоҳ розӣ шуданд?

- Ман ҳам аз падарам ҷавоби ҳамин саволро пурсидаам. «Як бор пешниҳод мекунанд» гуфта буданд он кас. Тафсилашро напурсидам, фаҳмидам, ки ин супориши партия аст, «не» гуфта намешавад, - гуфт Неля.

Бобоҷон Fафуров бо маънои томаш соҳиби дили бузург буданд. Нисбати ҳеҷ кас дар дил кина намеварзиданд, ҳаргиз аз паи шӯҳрат намедавиданд, балки шӯҳрат ба қавле бо пои худаш меомад, ин шӯҳрати ҷаҳонӣ буд. Чунин инсон ниёзманди таъзиму арҷгузории касе, аз ҷумла И.М. Дьяконов шудаву буда наметавонад, балки гилагузор мешавад, ки «ба ҳамин ҷо омада, як бор сар нахалонд» - ин ниҳояти одамдӯстии инсонест, ки ҳамеша дидори дӯст меҷӯяд.

Даҳҳову садҳо нафарони касбу кори гуногунро ном бурдан мумкин аст, ки дар Маскав аз меҳрубониҳои Бобоҷон Fафуров бархурдор шудаанд. Собиқадори матбуот Абдуллоҷон Омиров (худо раҳматаш кунад!) ҳамеша бо шавқу завқ аз дидорбиниаш бо Бобоҷон Fафуров ёдовар мешуд:

- Маро бори аввал медиданд, вале чунин вонамуд мекарданд, ки мо гӯё шиноси дерина бошем. Худашон чой рехта доданд. Чун фаҳмиданд, ки ман аз Қистакӯз ҳастаму дар радои ҷумҳурӣ кор мекунам, ба курси думоҳаи такмили ихтисос омадаам ва бо ҳидояти инсони бисёр арҷманд Воҳид Шарифов ба хабаргириашон расидам, аз ҷой хеста маро дуюмбора сахт ба оғӯш кашиданд. Аз ҳолу аҳволи Воҳид Шарифов, устодашон Абдуғаффор Ҳасанов, раисони машҳури қистакӯзӣ Оқил – бӯлусу Мирзоаҳмад Халифаев, аз Қистакӯзу Исфисор бафурҷа пурсон шуданд. Ва фармуданд, ки вақт ёфта ба наздашон даромада истам, рӯзҳои холигиамро дар ин ду моҳ дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ гузаронам, бо олимони институт ошноӣ пайдо кунам, аз китобхонааш истифода барам ва албатта, Маскавро нағз тамошо кунам, ҷойҳои таърихиашро бинам.

Мутаассифона, ба ман бо Бобоҷон Fафуров вохӯрдан муяссар нашудааст. Вале баъдтар, аниқаш баъди ду соли вафоташон зиёрати хонае, ки 21 соли ҳаёташонро дар он ҷо гузаронидаанд, насибам гардид.

Он вақт ман вазифаи мудири шӯъбаи фарҳанги кумитаи иҷроияи ноҳияи Хуҷандро (алҳол ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба ӯҳда доштам. Дар Фестивали якуми Умумииттифоқии эҷодиёти бадеии меҳнаткашон оркестри нафасии ноҳия ғолиб дониста шуд ва соли 1979 ҳайати 34-нафараи оркестрро ба Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқи СССР барои иштирок дар ҳунарнамоии ҷамъбастии Лауреатҳои ин фестивал даъват намуданд. Воқеан, оркестри мо дар байни 60 оркестрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷои аввал гардид. Ба ҳама медали тилои НКХХ СССР доданд, аз ҷумла ба ман ҳам.

Пеш аз сафарам ба Маскав раиси комиҷроияи ноҳия Абдурасул Нозиров (рӯҳашон шод бод!) маро ба ҳузурашон хонданд.
- Албатта, ба хонаи Бобоҷон Fафуров дароед, - фармуданд Абдурасул Нозиров. - Ба занашон фаҳмонед, ки мо нияти бунёди осорхонаи Бобоҷон Fафуровро дар зодгоҳашон дорем. Экспонат лозим аст. Ҳар чӣ қадар метавонед, гиред. Аллакай як қисмашро ба Душанбе бурдаанд, будагиашро гирифтан даркор, набошад аз ҳамонаш ҳам бенасиб мемонем.
Ҳар чизе аз Капитолина Алексадровна ба қавле рӯёндам - аз шиму пиҷак, тоқию ришгирак сар карда, то тӯҳфаҳои сарони давлатҳи Осиёю Африқо ба ду ҷомадони калон ғунҷид.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки иборатан аз ҳамон вақт бо ҳамин баҳона, бо адои супориши ифтихории раиси комиҷроияи ноҳияи Хуҷанд Абдурасул Нозиров ман бо аҳли оилаи аллома, шогирдон, ҳамсафон, ҳамкорон, сиёсатмадорон, олимони машҳур, – академик Евгений Михайлович Примаков, узви вобастаи АУ Русия Михаил Стапанович Капица, профессор Ростислав Борисович Рыбаков, ноиб - Президенти Академияи Санъати Русия академик Алексей Григорьевич Посталь, ноиб – Президенти Академияи Улуми Озарбойҷон ховаршиноси маъруф Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ академик Зиё Мусоевич Буниятов (21 феврали соли 1997 аз дасти қотил дар Боку дар даромадгоҳи хонааш ба шаҳодат расид), профессори Институти ИМА ва Канадаи Академияи Улуми Русия шореҳи машҳури сиёсии телевизиони шӯравӣ Валентин Сергеевич Зорин ва бисёр дигарон робита ва ошноӣ пайдо кардам, зиндагиномаи алломаро то ҳадди имкону қудратам омӯхтам. Дар ин бора маводи бисёре чоп кунондаам. Охирин экспонатҳои осорхонаро ҳам бо кӯмаки бевоситаи духтари устод Ненель Бобоҷоновна Fафурова – номзади илми филология, корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва роҳбари кунунии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи Улуми Русия Ростислав Рыбаков соли 1996 овардам.

Шаҳомати Бобоҷон Fафуровро ҳамчун олими варзида, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва одамияти ин инсони заминӣ аз сӯҳбатҳои самимию беғарази ҳамсафонашон комилтар дарёфтам.
Моҳи августи соли 1992 Неля маро ба қабули узви вобастаи Академияи Улуми Русия директори ҳамонвақтаи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ М.С. Капица овард. Сӯҳбатамон хеле кушод ва тӯлонӣ буд. Дар фуроварди мулоқот аз рӯи одоби шарқиёна Михаил Степановичро даъват кардам, ки ба тарафҳои мо ба меҳмонӣ ояд.

- Не, намеравам, - қотеъона гуфт Михаил Степанович, - ҳайрон нашавед, ман наметарсам, ки ҳадафи тири дайдуе мегардам, балки аз он метарсам, ки ҳодисаҳои шунидааму тариқи телевизор дидаамро дар бораи ҷанги бардоркуши Тоҷикистон бо чашмони худ мебинам. Ман то ба ҳол бовар кардан намехоҳам, ки дар ватани Бобоҷон Fафуров ҷанг аст, бовар надорам, ки тоҷикони тоҷдор - ҳаммиллатону ҳамватанони Бобоҷон Fафуров ба чунин амали нангин даст зада бошанд…

Соли 1994 доктори илми таърих профессор Р.Б. Рыбаков директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ таъин гардид ва то ба ҳол, 17 сол инҷониб ин вазифаро муваффақона иҷро карда меояд. Бо ӯ дар утоқи кориаш се дафъа мулоқот доштам.
- Маро Бобоҷон Fафурович ба кор қабул кардаанд ва ифтихори якумраи ман низ ҳамин аст. Вақте ба қабулашон омадам, пурсиданд, ки кай мактаби олиро хатм кардаам. Гуфтам, ки се сол пеш. «Се сол пеш омаданат лозим буд, ҳеҷ гап не, ҳоло ҳам дер нашудааст» гуфта, ба шӯъбаи кадрҳо фармуданд, ки худи ҳозир фармонро тайёр кунанд. 11 сол, ки зери қаноташон будам, шогирди воқеии он кас ҳастам. – хотироташро ҷамъбаст кард Ростислав Борисович.

Тирамоҳи соли 1998 ҳамҷоя бо рӯзноманигори варзида, нависандаи хушсалиқа Анвар Олимов, ки он вақт дар Ширкати телевизион ва радиои «Симои Мустақили 1-ум»- шаҳри Хуҷанд вазифаи муҳарририро адо мекард, дар Маскав ҷойҳои бо ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Fафуров алоқамандро наворбардорӣ кардем. Ба қароргоҳи Сафорати Арманистон дар Федератсияи Русия – воқеъ дар тангкӯчаи «Армянский», 2 рафтем. Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ дар давраи роҳбарии Бобоҷон Fафуров дар ҳамин бино воқеъ буд ва Бобоҷон Fафуров дар ҳамин иморати боҳашамат Маркази ховаршиносии Иттиҳоди Шӯравиро рушду такомул додаанд.

Азбаски рӯзи истироҳати якшанбе буд, бо иҷозати посбони низомӣ берун аз панҷараи бари кӯча тарҳи даромадгоҳу биноро ба навор гирифтем. Ин лаҳза аз иморати паҳлугӣ, ки қароргоҳи консулгарии Ҷумҳурии Арманистон будааст, ҷавони низомипӯши автоматдор давида омада амаламонро боздошт ва иҷозатномаи наворгирӣ пурсид. Азбаски аз капитан танҳо иҷозати шифоҳӣ доштему ин лаҳза вай ҳам хомӯш меистод, мо илоҷи дигар наёфтем. Мақсадамонро фаҳмид ва боиззатона гуфт, ки аз Консули генералӣ рухсат гирем, таъкид кард, ки ҷаноби консул ҳамин ҷост. Баробари шунидани номи Бобоҷон Fафуров консул ба посбонҳои Сафорат фармуд, ки дарвозаро кушоянд. Мо имкон ёфтем ба рӯи ҳавлие дароем, ки бо маънои томаш қадамгоҳи Бобоҷон Fафуров буд ва бо хотири ҷамъ пурра наворбардорӣ кардем.
Рӯзҳои дигарро дар қароргоҳи кунунии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ - воқеъ
кӯчаи «Рождественка», 12, наздикии истгоҳи метрои «Кузнецкий мост» гузаронидем. Аз рӯи гуфтугӯи пешакии телефонӣ дар як утоқи тангакаки пажӯҳишгоҳ бо мӯйсафеди нуронӣ профессор Юрий Владимирович Ганковский сӯҳбат оростем. Чун аз Бобоҷон Fафуров ёдовар шудем, дар чашмони профессор ашк ҳалқа зад.
- Як лаҳзаро ба Шумо гуфта медиҳам,- бо овози ларзон ба гап сар кард мӯйсафед. - Аз ҷанг сиҳату саломат баргашта омадам. Ба сад дар сар халондам, ба кор нагирифтанд, осонакак «ҷои холӣ нест» мегуфтанд. 10 соли баъди аз ҷанг баргаштанам, рости гап дар якчанд ҷой кор кардам, ҳамааш шуда ду – семоҳӣ. Тоқатам тоқ шуд, аз рафиқонам имдод ҷустам. Як ҳамсабақи пешинаам гуфт, ки ба Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ директори нав омадааст, аз тарафҳои Осиёи Миёна, рав, бахтат омад карда бошад, соҳиби ҷои кор мешавӣ, ӯ дар бораи волидайни ту чизе намедонад – ку? Ту ҳам аз хусуси падарат гап назан! Охирин умед ҳамин даргоҳ буд. Рафтам. Бо чеҳраи кушод хеле меҳрубонона қабул карданд. Мақсадамро гуфтам. Дафтарчаи меҳнатиамро варақ заду сабаби дар чанд ҷой кам-кам кор карда сабукдӯш шуданамро пурсиданд. Бар ивази ин қадар самимият ва сӯҳбати сидқидилона ман ҳуқуқи маънавӣ надоштам, ки дурӯғ гӯям. Дудила ҳам нашуда гуфтам, ки падарам репрессия шудааст. «Ба ҷанг фиристоданд, нагуфтанд, ки падараш «душмани халқ» буд. Акнун писари «душмани халқ» гуфта ба кор қабул намекунанд ва ё аз кор меронанд ин беинсофҳо?! Дар майдони ҷанг даркор будӣ, акнун нодаркор шуда мондӣ?! Аризаатро навис, аз ҳамин рӯз ту ходими илмии Пажӯҳишгоҳ!» гуфтанд Бобоҷон Fафурович. Ҳамин тавр ман аз ҳамин даргоҳ туфайли одамияти сатҳи олии Бобоҷон Fафуров ҷои кор ва ризқу рӯзӣ пайдо кардам. Қариб ҳама рӯз аз ҳолу аҳволи ман пурсон мешуданд, ба корҳои илмиам кӯмак мерасонданд, маслиҳатҳо медоданд, хуллас намегузоштанд, ки ман худро танҳо, бекасу кӯй ҳис кунам. Ана, ҳамин хел одам буданд Бобоҷон Fафурович, одами ҷони одам…

Аз Владимир Александрович Исаев, ки дар вақташ ёвари Бобоҷон Fафуров буду алҳол муовини директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ, доктори илми иқтисодист, нақли аҷоибро шунидам: Дар Тошканд Бобоҷон Fафуров бо ду нафар меҳмон аз Арабистони Саудӣ мулоқот доштанд. Маслиҳат шуд, ки аз колхози ба номи Кирови вилояти Тошканд дидан кунанд. Мо ба қафо нишастем, Бобоҷон Fафурович дар паҳлуи ронанда. Бобоҷон Fафуров раҳораҳ ба боғу майдон, ғаллазору пахтазорон ишора карда, дар хусуси рушди хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон, пешомадҳои он бо ҳавсала гап мезаданд. Чун ба маркази колхоз расиданд, Бобоҷон Fафуров аз мошин фуромада ба чор тараф чашм давонда пурсиданд:
- Арабҳо канӣ?
Маълум шуд, ки ду роҳбалад - ваколатдорони мақомоти амният ба мошин нишастаанду ба меҳмонони араб ҷой нарасидааст. Ва арабҳо дар Тошканд мондаанд.

Бобоҷон Fафуров аз шикамашон дошта, ба қаноти «Победа» фурӯ рафтанд, дурудароз хандиданд ва аз ниҳояти ханда суп-сурх шуда гуфтанд:

-Хайр ҳеҷ гап не, насибашон набудааст, аммо Володя, канӣ гӯй, ман раҳораҳ қариб як соат барои кӣ ин қадар диламро хун карда гап зада омадам, ба кӣ пахтазору боғу майдонҳоро таъриф кардам?

Дар ин гуна маврид ба ҷои Бобоҷон Fафуров каси дигар мебуд, аз тарси моҷарои сиёсӣ, дилаш торс мекафид. Лекин Бобоҷон Fафуров касеро ҳатто сарзаниш накарданд, баракс таскин доданд.

И.М. Дьяконов рост мегӯяд, ки Fафуров аз тақризи ба китоби «Таърихи Тоҷикистон» навиштаи бародараш наранҷид, баракс китобро бо ислоҳҳо аз нав чоп кунонд. Худи ҳамин гап ақидаи ӯро дар бораи ҷиҳатҳои «манфӣ», ба касе «кина варзидан»-и Бобоҷон Fафуров рад мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки бародари И.М. Дьяконов – олими ховаршинос Михаил Михайлович Дьяконов (1907 – 1954) дар умри кӯтоҳи ҳамагӣ 47-солаи худ қуллаҳои баланди илмро фатҳ кардааст. Мутахассиси таърихи Эрон, санъат ва фарҳанги кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна, археолог, доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон буд ӯ. Муддати 8 сол дар ҳайати экспедитсияи археологии тоҷик аввал ба сифати ходими илмӣ, баъд ҳамчун роҳбари экспедитсия дар сарзамини Суғд ҷустуҷӯи археологӣ гузаронда, ба ғановати назариявии таърихи Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Таърих ва забони моро нағз медонист. Муҳаққиқи таърихи қадими Эрон буд, ашъори Фирдавсӣ, Гургонӣ, Низомӣ барин бузургони адабиёти тоҷику форсро ба русӣ тарҷума кардааст. Пас эроди чунин муҳаққақи варзида барои Бобоҷон Fафуров низ ҳаргиз боиси ранҷурӣ нест, балки қобили қабул аст!
Дар бораи обрӯю эътибори баланди Бобоҷон Fафуров сухан ронда, хотирнишон карданиам, ки он туфайли заҳматҳои зиёди зеҳнӣ, обутоби амиқи сиёсӣ, тафаккури солим ва одамияти баланди аллома ба даст омадааст. Бале, дигарбора таъкид карданиам, ки бар хилофи ақидаи И.М. Дьяконов шӯҳрат ва обрӯю эътибор барои Бобоҷон Fафуров бо пои худ меомад. Бобоҷон Fафуровро ҷаҳон медонист, ҷаҳониён медонистанд!

Соли 1972 дар Конфронси сеюми байналхалқӣ аз рӯи лоиҳаи ЮНЕСКО, ки дар Ашқобод мегузашт, Сафири вақти Покистон дар СССР аз мулоҳизаронӣ, масъалагузорӣ ва сухангӯии пуртамкинонаи Бобоҷон Fафуров ба ваҷд омада гуфтааст: «Ман аз ҷумлаи ҳамон бадбахтоне будаам, ки то ин вақт кӣ будани Бобоҷон Fафуровро намедонистаам.»

Тобистони соли 1967 – нахустрӯзи ҳуҷуми низомии Исроил ба Арабистон Неля ва панҷ нафари дигар ҳамроҳонаш ба бандар мешитофтанд, то зери тиру туфанг намонанд, ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргарданд. Ин вақт аз рӯ ба рӯ тӯдаи калони одамони бо белу каланду чӯбдаста мусаллаҳ пайдо гардида, бо гумони он, ки гурӯҳи Неля яҳудӣ ва ё амрико бошанд, ба онҳо ҳуҷум карданӣ шуданд. Неля «муслим…», «муслим..» гӯён фарёд мекард ва кӣ будани худу ҳамсафаронашро фаҳмонданӣ мешуд. Лекин тӯдаи ба шӯромада чизеро шунидану фаҳмидан намехост. Ин лаҳза бо нияти собит кардани мансубияташ ба мардуми мусалмон шиносномаашро боз кард.

Нафаре, ки муқаррар саркардаи тӯда буд, шиносномаро кашида гирифту синча карда хонд ва рӯ ба тарафи тӯда гардонда, дасти шиносномадорашро боло дошта бо овози баланд фарёд кард:
- Бобоҷон Fафуров!!! Бобоҷон Fафуров!!!

Ин дам ҳама ба якборагӣ хомӯш шуданд. Мардуми лаҳзае қабл бо шӯру ғавғо бо нияти зарбу лати «аврупоипӯшон» дастбардошта, бо шодию хурсандӣ онҳоро иҳота карданд ва ҳама якҷоя то бандар гуселашон намуданд.

- Ман то ба имрӯз дар андешаи онам, ки ин мардум киҳо буданд – зиёӣ? Деҳқон? Коргар? … Ва ё умуман касони бекор? Ба ҳар ҳол пай бурдам, ки ватандор будаанд онҳо, орияти ватандорӣ доштаанд, Бобоҷон Fафуровро медонистаанд, номи Бобоҷон Fафуров барояшон қимате доштааст, бузург ва азиз будааст, ки аз навиштаҷоти «Fафурова Ненель Бобоҷоновна»-и саҳифаи якуми шиноснома «Бобоҷон Fафуров»-ро дарёфтанд.

Хоҳ дар Теҳрону Қарочӣ ва Қоҳираю Деҳлӣ бошаду хоҳ дар Токио олимони Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи Улуми СССР-ро на ба сифати намояндаи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ, балки ҳамчун фиристодаи Институти Бобоҷон Fафуров қабулу пазироӣ мекарданд ва «ин кас аз Институти Бобоҷон Fафуров» гуфта муаррифӣ менамуданд.

Бобоҷон Fафуров ҳаргиз ба хотири «ҳоҷӣ» будан ва «бештар арзиш доштани ин унвон барои ҳамқишлоқиёнашон» ба фаъолияти бисёрсолаи роҳбариашон, кори ба манфиати пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, илмиву фарҳангии мамлакат, ба соҳибияташон ба дараҷаҳои баландтарини илмӣ ва мартабаҳои сиёсӣ хатти батлон накашидаанд ва намекашиданд. Гуфтаҳои олими шӯҳратманд Игорь Михайлович Дьяконов дар ин хусус дурӯғи маҳз ва бофтаи хаёлии ӯст, ки аз он бӯи ғараз меояд! Таъкид мекунам, ман бо бисёр наздиконашон, бо онҳое, ки ба қавле дилашон «об мехӯрд» ва дардашонро беибо гуфта метавонистанд, сӯҳбатҳои тӯлонӣ доштам. Агар ҳамин наздиконашон – Даниэл Комиссаров, Виталий Терентьевич Веселов, Саид Кямилов, Михаил Капица, Юрий Ганковский, А. Ҷалолов, шогирдонашон Ҳадя Ҳошимбеков, Владимир Исаев, Ростислав Рыбаков ва чандин тани дигар бошанд, гапашонро ба ҳаминҳо мегуфтанд, аммо касе аз ҷумлаи ин нафарон дар ин хусус чизе ба забон наовардааст.

Барои аллома Бобоҷон Fафуров ягон чизи дуюминдараҷа набуд ва буда ҳам наметавонист. Хоҳ дар вазифаи сарвари идораи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Тоҷикистон» адои хизмат карда бошанду хоҳ дар мансаби баланди Котиби Якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва хоҳ ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи Улуми СССР танҳо як мақсад – иҷрои сидқидилонаи вазифа фарогири тамоми вуҷудашон буд.
Сафари хизматии ягон корманди илмӣ ва ҳатто директори Институт ба хориҷи кишвар бидуни нақшаи пешакӣ сурат намегирад ва ин принсип бахусус дар замони шӯравӣ қолаби шикастнопазир буд. Ба хосса, сафари хориҷӣ дар сатҳи Вазорати Корҳои хориҷии СССР ва албатта Котиботи Кумтаи Марказии КПСС мувофиқа ва ҳаллу фасл мешуд, ки сафарҳои фаровони хориҷии Бобоҷон Fафуров низ аз ин истисно нест.

Дуюм, таваҷҷӯҳи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ба Африқои шимолӣ, аз ҷумла ба Арабистони Саудӣ ҳанӯз аз замони таҷдиди сохтории Пажӯҳишгоҳ, ки баробари ба сари кор омадани Бобоҷон Fафуров тавассути таъсиси чандин бахшҳои нав сурат гирифта буд, зуҳур ёфтааст.

Бобоҷон Fафуров аз минбари аввалин Конфронси илмии умумииттифоқии ховаршиносон дар Тошканд моҳи июни соли 1957 самти фаъолияти минбаъдаи ховаршиносони шӯравиро дар марҳалаи феълӣ чунин муайян карда буд: «Мо бояд ба тадқиқу таҳқиқи таърихи нав ва хусусан навтарини мамлакатҳои Шарқи хориҷӣ бештар диққат диҳем. Ин проблемаи калонро бо қувваи танҳо олимони Москваю Ленинград ҳал кардан аз имкон берун аст. Ба мо дастгирии фаъолонаи олимони марказҳои ховаршиносии ҷумҳуриҳо лозим аст… Мехоҳам бори дигар хотиррасон намоям, ки новобаста аз бисёр будани масъалаҳои принсипиалию муҳими ҳаллашон таъхирнопазир, ба ҳар бобат проблемаи аввалиндараҷаи дар назди ховаршиносии советӣ истода ин омӯзиши рушди бомароми мамлакатҳо ва халқҳои роҳи истиқлолиятро пешгирифтаи Осиё ва Африқо маҳсуб мешавад. Инро аз мо партия талаб мекунад, ин тақозои боисрори худи ҳаёт аст. Шарқ дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти байналхалқӣ нақши беандоза муҳимро дорост.»

Бобоҷон Fафуров барҳақ, ба Арабистони Саудӣ сафар доштанд. Аммо мушарраф шудан ба зиёрати Каъба дар гӯшаи хаёлашон ҳам набуд, онро танҳо орзу мекарданду бас. Аз ин сабаб дар ин бора ба КМ КПСС ишора ҳам накардаанд. Баъди сӯҳбати пурмӯҳтавояшон дар қасри шоҳ худи Холид ибни Абдул Азиз ал Сауд - шоҳи Арабистони Саудӣ зиёрати Каъбатуллоҳро пешниҳод кард. Амри шоҳ воҷиб аст ва ягон дипломатия ба радди он қодир нест. Инро Бобоҷон Fафуров медонистанд. Дар ин сафар барояшон касе ва ё мақомоте тарҷумон надодааст, ки И.М. Дьяконов менависад. Тарҷумон ва ёвару ҳамсафари Бобоҷон Fафуров дар Арабистони Саудӣ котиби он кас Саид Хайбуллоевич Кямилев буд. Ман бо ин ҳамсафу ҳамнафаси аллома дар Маскав хеле сӯҳбат кардаам ва тамоми ҷузъиёти ин сафарро аз ӯ пурсида гирифтаам. Сурати Бобоҷон Fафуровро бо либоси ҳоҷиёна дар хонаи духтарашон дидаам.

Баъди бозгашт аз сафар Раиси Комитети Давлатии Бехатарии СССР Ю.В. Андропов Бобоҷон Fафуровро ба наздаш даъват мекунад.
- Ҳамаамон ҳайрон мондем, тарсидем,- ёдовар мешавад Неля. - Падарам ҳам бо ману ҳамсарашон Капитолина дигархела, баргашта намеомадагӣ барин хайрухуш карданд. Падарам баромада рафтанду намедонам чанд соат гузашт, ҷои нишастамонро намедонистем. Рӯй – рӯйи хона қадам зада мегаштем.

Юрий Владимирович бар хилофи одат аз xой бархоста дар миёнҷои утоқи кориаш Бобоҷон Fафуровро гарм пазироӣ менамояд. Ишораи нишастан мекунад. Баъд ба ҷояш гузашта мегӯяд:
- Ташаккур ба ту, Бобоҷон Fафурович! Оқилона рафтор кардӣ, ту бо зиёрати маркази мусалмонони олам сиёсати воқеии Партияи Коммунистӣ ва Давлати Советӣ, назари хайрхоҳонаи моро нисбат ба дин собит намудӣ. Бори дигар ташаккур!

Ҳамин аст, асли воқеа. Агар адои ҳаҷ ба нақша гирифта мешуд, агар дар ин бора Бобоҷон Fафуров медонистанд, албатта қабл аз он КМ ва Вазорати корҳои хориҷию КГБ бояд иттилоъ мегирифтанд ва дар сурати розӣ шудани роҳбарияти ин се мақомот Бобоҷон Fафуровро ақаллан як моҳ «сабақ» меомӯзонданд.
Ва ниҳоят Бобоҷон Fафуров ба Ватан, ба Душанбе моҳи апрели соли 1977 бо нияти гузарондани рухсатии навбатии меҳнатӣ, аз ҳавои Ватан нафас кашидан, муддате бо ёру дӯстон, хоҳаронашон будан ва бо қувваи тоза ба Маскав рафта ба кор пардохтан омада буданд, вале бемориашон хурӯҷ кард, бистарӣ шуданд ва дигар барнахестанд.

Бале, мурданашонро ҳам медонистанд… Ва дар Ватан бандагӣ карданд.
Номашон ба ҷовидониҳо рафт…

Маҳмудҷон Иброҳимов
шаҳри Хуҷанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG