Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Чӣ қадари дигар тӯл кашидани табобати раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес баъд аз ҷарроҳии саратон мояи сарусадоҳо дар ин кишвари Амрикои Лотинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ёрони Чавес мегӯянд, ӯ дар интихоботи соли оянда ҳатман ширкат хоҳад кард. Мақомот мегӯянд, Ҳуго Чавес умури давлатиро комилан дар даст дорад. Қарор аст, ӯ рӯзи шанбе дар Куба бо вазиронаш мулоқот кунад. Аммо баъди онки Чавес шоми панҷшанбе аз ҷарроҳии варами саратонаш дар Куба хабар дод, вазъи сиҳҳати ӯ ва имкони раҳбариаш ба кишвар мояи сарусадоҳои мухталиф дар ҷомиа шудааст.
XS
SM
MD
LG