Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба як бинои додгоҳ дар Ингушистон


Як гурӯҳи мусаллаҳ шоми ҷумъа бинои додгоҳро дар шаҳри Малгобеки ҷумҳурии ошӯбзадаи Ингушистони Русия ҳадафи тир қарор дод. Ин ҳамла мунҷар ба хисороти молӣ шуда, аммо талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Пулис мегӯяд, ҳамлагарон ду дафъа болои бинои додгоҳ аз норинҷакандоз тир андохта, як бомби худсохти ҳомили 10 кило тротилро дар ҳамагӣ 16-метрии ин сохтмон таркондаанд, ки мунҷар ба “хисороти ҷиддӣ” шуд.
XS
SM
MD
LG