Пайвандҳои дастрасӣ

WSJ: Эрон чирикиҳоро таъмини силоҳ мекунад


Бино ба гузориши нашрияи амрикоии "The Wall Street Journal", низомиёни Эрон тайи моҳҳои ахир ба хотири таҳрик додани раванди хуруҷи нирӯҳои Амрико ба Ироқу Афғонистон мақодири ҷадиди таслиҳоти ҷангӣ қочоқ кардаанд. Ин гузориш бидуни бурдани ном аз қавли мақомоти амрикоӣ мегӯяд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ муттаҳидинашро бо гулӯлаҳое таъмин мекунад, ки алакай сабаби марги асокири Амрико шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, эрониҳо ҳамчунин ба ҷангиёни толиб дар Афғонистон низ мушакҳои дурпарвоз додаанд, ки тавонмандии чирикиҳо дар набард алайҳи нирӯҳои Амрико ва муттаҳидинашро бештар мекунад.
XS
SM
MD
LG