Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти аҳли Марокаш аз ислоҳоти Қонуни асосӣ


Натоиҷи муқаддамотии раъйпурсии Марокаш ҳокист, ки рӯзи ҷумъа аксарияти мардум дар ин назархоҳӣ аз тарҳи ислоҳоти Қонуни асосии ин салтанати арабии воқеъ дар шимолуғарби Африқо ҳимоят кардаанд. Султони Марокаш Муҳаммади шашум дар посух ба эътирозҳо ба анҷоми чунин ислоҳот иқдом кардааст. Вазири умури дохилаи Марокаш Тоиб Ширкавӣ гуфт, бар асоси шумориши тақрибан ҳамаи оро, 98,5 дарсади мардум ба ин тарҳи ислоҳот раъйи мувофиқ додаанд.
Ин ислоҳот, ки дар пайи эътирозҳо гирифта шуд, қудрати иҷроияро дар Марокаш ба сарвазир супурда, дар ихтиёри подшоҳ танҳо умури низомиву динӣ ва қазоияро боқӣ мегузорад.
XS
SM
MD
LG