Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷири 22-солаи тоҷик Манучеҳр Ҳусейнов, ки дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Омски Русия ба фурӯши пирожкиҳо машғул будааст, барандаи ҷек-поти «Гослото», лотореяи давлатии Русия шуд. Ҷамъи маблағе, ки аз лоторея ба дасти ин шаҳрванди тоҷик омад, 14 миллион рубл, ё қариб ним миллион доллар гуфта мешавад. Манучеҳр, ки дар Омск ҳамроҳ бо зан ва писари якунимсолааш ба сар мебарад, гуфтааст, тайи ҳамаи 3 соли вуҷуди «Гослото» пайваста лоторея мехарид ва инак, иқбол ба рӯяш хандид ва фурӯшандаи оддии пирожкиҳоро, ба таъбири матбуоти маҳаллӣ, ба «миллионер аз вайрона» табдил дод.
XS
SM
MD
LG