Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз пойгоҳи низомияш дар Покистон хориҷ намешавад


Мақомоти ИМА тақозои Покистон ҷиҳати ихроҷ аз як пойгоҳи низомӣ дар ин кишварро рад кардаанд.

Коркунони идораи истихбороти марказии Амрико ё CIA аз пойгоҳи низомии вилояти Балуҷистони Покистон ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинро алайҳи афроди гумонбаршударо танзим мекунанд.

Як мақоми амрикоӣ, ки нахостааст аз вай ном гирифта шавад, ба хабаргузории Ройтерз изҳор намудааст, ки нерӯҳои низомии Амрико аз пойгоҳи низомии Шамсӣ набаромада ва нахоҳанд баромад. Ин мақоми амрикоӣ афзуд: «Амрико ин пойгоҳро тарк нахоҳад кард.»

Аҳмад Мухтор, вазири дифои Покистон рӯзи панҷшанбе гуфта буд: "Ба ИМА гуфта шудааст, ки ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро бар қаламрави Покистон мутаваққиф кунад."

Ӯ ҳамчунон гуфт, ки аз Амрико тақозо кардааст, ки аз пойгоҳҳои он кишвар дар хоки Покистон, ки гуфта мешавад ҷангандаҳои идораи марказии истихбороти Амрико аз онҷо амалиёти низомӣ дар қаламрави Покистонро анҷом медиҳанд, хориҷ шаванд.

Аҳмад Мухтор гуфт: «Мо ба ҷониби амрикоӣ гуфтем, ки пойгоҳи ҳавоии Шамсиро тарк гӯянд.»

Вазири дифои Покистон гуфтааст, ки ин кишвар дар мавқифе қарор надорад, ки бо Амрико дохили ҷанг бишавад. Аммо равобити ин кишварро бо Вошингтон аз сар баррасӣ хоҳанд кард.

Вазири дифои Покистон гуфтааст, аз замоне, ки Амрико кӯмакҳои молиашро бар Покистон қатъ кард, кишвараш бо имконоти маҳдуд ба ҷанг алайҳи терроризм идома додааст. Аммо барои Покистон душвор хоҳад буд, ки бо пули кам ин ҷангро пеш барад. Зеро Покистон иқтисоди хуб надорад.

Аҳмад Мухтор, вазири дифои Покистон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост то аз қурбонии Покистон дар мубориза алайҳи терроризм қадрдонӣ намоянд.

Вазири дифои Покистон дар мавриди силоҳи ҳастаии ин кишвар гуфт: «Пас аз ҳамлаи дуввуми май, сенатор Ҷон Керрӣ, аввалин мақоми баландпояи амрикоӣ буд, ки ба Покистон сафар кард ва ба мо итминон дод, ки Амрико барои силоҳи ҳастаии ин кишвар ҳеҷ гуна хатарро мутаваҷҷеҳ намесозад.»

Қабл аз ин, вазири дифои Покистон ба рӯзномаи "Financial Times"гуфта буд, ки пойгоҳи ҳавоии Шамсиро ба рӯи амрикоиҳо мебанданд то аз ин пойгоҳи низомӣ, амалиёт бар хоки Покистон сурат нагирад.

Аҳмад Мухтор, вазири дифои Покистон ин матлабро ҳам гуфт, ки Покистон ҳатто пеш аз ҳамлаи нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар 2-юми май бар иқоматгоҳи Усома бин Лодин ҳам аз амрикоиҳо хоста буд, ки афроди худро аз ин пойгоҳи низомӣ хориҷ кунанд.

Нерӯҳои низомии Амрико аз пойгоҳи ҳавоии Шамсӣ барои умури икмолотии қувваҳои худ кор мегирад. Аммо мақомоти покистонӣ мегӯянд, ки қувваҳои низомии Амрико қабл аз ин аз пойгоҳи Шамсӣ барои танзими ҳамалоти ҳавопаймоҳои бесарнишин кор мегирифтанд. Аммо акнун танҳо дар умури икмолотӣ аз он истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG