Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯш хостори табдили забони таълим ба қирғизӣ шудаанд


Чанде аз аъзои саршиноси ҷомеаи узбакҳои шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки забони таълим дар мактабҳо тадриҷан ба қирғизӣ гардонида шаванд. Узви Шӯрои шаҳри Ӯш, Амонулло Мӯъминов, ки худ узбактабор аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, бояд синфҳои қирғизӣ дар мактабҳои узбакӣ ва соатҳои таълими забони қирқизӣ дар мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ афзоиш ёбад. Қарор аст, ин ташаббус дар ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳри Ӯш баррасӣ шавад. Аммо бархе дигар аз намояндагони узбактаборон мегӯянд, табдили дарсҳои ӯзбакӣ ба қирғизӣ мумкин аст, боиси ташаннуҷи байниқавмӣ шавад. Вале ба ақидаи бархе аз омӯзгорон ин табодул дар заминаи камбуди китобҳои дарсӣ ба забони узбакӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Намояндаи ҳизби “Ору номус” дар порлумон Анвар Ортиқов гуфтааст, табдил забони таълим ба қирғизӣ дар мактабҳои узбакӣ ба наздикӣ ва ҳамоиши бештари узбакҳову қирғизҳо сабаб мешавад, ба вижа пас аз хушунатҳои байниқавмии моҳи июни соли 2010, ки зиёда аз 470 кушта ба ҷой гузошта, ҳазорон нафарро бехонумон кардааст.
XS
SM
MD
LG