Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифшои 47 мактаби махфии динӣ дар вилояти Хатлон


Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли охир дар вилояти Хатлон 47 мактаби махфии диниро кашф карданд, ки дар онҳо 400 писарбачаҳои хурдсол ва наврас таҳсил мекардаанд. Ба гуфтаи ноиби раиси Раёсати амнияти ин вилоят, Нусратулло Мирзоев гуфтааст, бархе аз ин мактабҳоро имом-хатибон дар хонаҳои худ таъсис додаанд. Вай афзуд, агар Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои салафӣ ва “Ҷамоати Таблиғ”-ро манъ намекард, ҳоло дар масоҷид бархӯрди равияҳо шурӯъ мешуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, донишҷӯёни мадориси кишварҳои исломӣ барои зери шубҳа нагузоштани волидайни худ ба ватан баргаштанд, аммо ба зудӣ нопадид шуданд ва ба эҳтимоли қавӣ дубора ба кишварҳои исломӣ рафтанд, то таҳсили хешро идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG