Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти бузург дар Сурия ва ҳалокати 6 мухолиф


Даҳҳо ҳазор аз фаъолони Сурия бо даъватҳои қатъи ҳокимияти 11-солаи президент Башор Асад ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд. Тазоҳуркунандагон бо фарёдҳои “Бирав!Бирав!” аз кӯчаҳои марказии чандин шаҳри Сурия рад шуданд. Ҳамчунин имрӯз созмонҳои ҳуқуқи инсон гуфтанд, нерӯҳои ҳукумат дар даргириҳое дар шимоли кишвар 6 нафарро ба ҳалокат расондаанд. Ба гуфтаи онҳо, сар аз нооромиҳои Сурия дар нимаҳои моҳи марти соли равон 1400 нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG