Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба мадориси исломии хориҷӣ


Мақомоти амниятии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки донишҷӯёни мадориси кишварҳои исломӣ барои зери шубҳа нагузоштани волидайни худ ба ватан баргаштанд, аммо ба зудӣ нопадид шуданд ва ба эҳтимоли қавӣ дубора ба кишварҳои исломӣ рафтанд, то таҳсили хешро идома диҳанд. Ноиби раиси раёсати амнияти вилояти Хатлон Нусратулло Мирзоев дар ин бора гуфт: "Онҳо расман гӯё ба Русия мардикорӣ рафтаанд, вале дар асл ин ҷо назорате нест."
Бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли гузашта садҳо нафар аз донишҷӯёни мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргардонида шуданд, аммо на ҳамаи онҳо дар донишгоҳҳои кишвар ҷои таҳсил ва дар идораву муассисаҳо шуғл пайдо карданд. Мақомоти Тоҷикистон ҳарос доранд, ки ҷавонони тоҷик бо таҳсил дар кишварҳои мусулмон метавонанд, ҳадафи гурӯҳу созмонҳои тундрав қарор гиранд.
XS
SM
MD
LG