Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон иддаои Судонро рад кард


Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ тарафе иҷозаи убури ҳавопаймои раиси ҷумҳури Судонро дархост накардааст.

Пештар аз ин баъзе расонаҳои хабарӣ дар бораи парвози Умар ал Башир-раиси ҷумҳури Судон ба Чин хабарҳо ба нашр расондаанд ва дар он аз Тоҷикистон низ ном бурдаанд, ки ин кишвар як ҷо бо Туркманистон иҷозаи парвози ҳавопаймои Умар ал-Башир аз ҳарими ҳавоии худро надодаанд ва чунин кор боиси таъхир дар боздиди вай аз Чин шудааст.

Ҳатто рӯзномаи “Sudan Tribune” навиштааст, ки парлумони Судон аз тасмими ҳукуматҳои Туркманистону Тоҷикистон интиқод кардааст ва гуфтааст, ки ин кишварҳо зери фишори Амрико нагузоштаанд, ҳавопаймои раиси ҷумҳури Судон аз ҳарими ҳавоиашон парвоз кунад.

Сомонаи интернетии “All Africa” низ ба ҳамин мазмун хабаре ба нашр расондааст ва сиёсатҳои ин ду кишварро пойбанди сиёсатҳои Амрико донистааст. Ин хабарҳо дар бораи Тоҷикистон ва иҷоза надодани парвоз то куҷо сиҳат дорад ва воқеият чист? Дар як мусоҳибаи телефонӣ бо Давлат Назрӣ-сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пурсидам, воқеан ҳам Тоҷикистон ҳамин гуна рафтор кардааст?

Назриев: Дар бораи ин хабарҳо мо танҳо тавассути ахбори васоити умум дарак ёфтем. Дар асл ягон ҷониб ба Тоҷикистон дар бораи парвози ин ҳавопаймо муроҷиат накардааст ва мо умуман хабаре надорем. Гап сари он аст, ки
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

вақте раҳбари як давлат ба давлати дигар парвоз мекунад, бояд ба давлатҳое муроҷиат кунад, ки дар масири парвози ин ҳавопаймо қарор доранд, то аз ин кишварҳо иҷозаи парвоз бигирад. Дар ин бора ба Тоҷикистон касе муроҷиат накардааст ва мо чунин муроҷиатро нагирифтаем. Ин як. Дувум, дар хабарҳо гуфта мешавад, ки аввал Туркманистон будааст ва баъд ба Тоҷикистон. Мо бо Туркманистон марзи бевосита надорем. Ин ҷо ҳам иштибоҳи мантиқӣ мушоҳида мешавад.

Суол: Яке аз сомонаҳои интернетии Африқо бо номи “All Africa” иддао кардааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ гӯё ба сиёсатҳои Ғарб тобеъ ҳастанд ва ба ҳамин сабаб нахостаанд, ки ба ҳавопаймои президенти Судон аз ҳарими ҳавоии кишварҳояшон иҷозаи парвоз диҳанд. Шумо чӣ мегӯед?

Назриев: Ин фикр куллан ғалат аст. Он гуна, ки ман гуфтам, касе дар ин мавзӯъ муроҷиат накардааст. Дувум, Тоҷикистон сиёсати мустақили худро дорад ва ҳар тасмимгирие, ки мешавад, онро худи Тоҷикистон ҳал мекунад. Ягон кишвари дигаре наметавонад фикри худро ба Тоҷикистон таҳмил кунад. Барои ҳамин ин гуна фикрҳо асос надоранд. Пеш аз он, ки ин мавзӯъро ин гуна мартаҳ кунанд, бояд ақаллан медонистанд, ки ҳамин гуна муроҷиат шуда буд ё нашуда буд, то дар бораи Тоҷикистон сухане бигӯянд.

Суол: Ба ҳар ҳол, Додгоҳи Байналмиллалии вобаста ба СММ дастури боздошти Умар ал-Баширро содир карда буд, барои он, ки дар Дорфур ба қатли омми баъзе қабилаҳо даст задааст. Тоҷикистон то чӣ андоза ба иҷрои тааҳҳудоти байналмиллалии худ содиқ аст ва агар Умар ал-Башир парвоз ҳам мекард, равиш ё бархӯрди Тоҷикистон чӣ гуна мебуд?

Назриев: Албатта, агар муроҷиа мекард, дар он сурат ин масъаларо баррасӣ кардан мумкин буд.

Суол: Оё дар гузашта ҳамин тавр буд, ки кишварҳо барои гирифтани иҷозаи парвоз аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, манзурам парвози раҳбаронашон, иҷоза пурсида бошанд ва натиҷааш чӣ будааст?

Назриев: Бале, чунин кор бисёр мешавад ва иҷоза мегиранду парвоз мекунанд. Ин ҷо мушкиле вуҷуд надорад. Таввассути каналҳои дипломатӣ муроҷиат мекунанд, иҷоза мегиранд ва мақомоти дахлдоре, ки бо ин корҳо сару кор доранд, огоҳ карда мешаванд ва чунин парвозҳо сурат мегирад.

“Тоҷикаэронавигатсия” ҳам ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки
Умар ал-Башир, раиси ҷумҳури Судон

дар ин бора ба онҳо дархосте нарасидааст. Баъд аз ин сару садоҳо, ҳавопаймои Башир аз болои Эрону Покистон ба Чин парвоз кардааст.

Умар ал-Башир аз ҷумлаи шахсиятҳои зидду нақизе ба шумор меравад, ки дар Судон-кишвари африқоӣ мақоми раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда дорад. Вайро барои қатли ом муттаҳам медонанд. Дар муноқишаҳои қавмии Дарфур вай дастур додааст, ки ба поккории қавмӣ даст зананд. Бо назардошти чунин қатли ом, Луис Морено Окампо-додситони Додгоҳи Байналмиллалӣ моҳи июли соли 2008 дархост кард, ки дастури боздошти Умар ал Башир содир шавад ва 4-уми марти соли 2009 ин додгоҳи байналмиллалии вобаста ба СММ дастури боздоштро содир кард.

Умар ал-Башир нахустин раиси ҷумҳури фаъол аст, ки дар пайгарди байналмиллалӣ қарор дорад. 12-уми июли соли 2010 ин додгоҳ бори дигар дастури ин раиси ҷумҳурро содир кард, зеро вай поккории қавмҳои фур, маслит ва загавро идома дод.
XS
SM
MD
LG