Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Июн барои амрикоиҳо ва ироқиҳо хунинтарин моҳ унвон шуд


Ҳарбиёни Амрико мегӯянд, бо ҳалокати се сарбози дигари амрикоӣ дар ҷануби Ироқ, июн ба марговартарин моҳи низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар се соли охир дар Ироқ табдил ёфт. Онҳо мегӯянд, дар ин моҳ 14 ходими ҳарбии Амрико дар Ироқ кушта шудаанд. Бо гузашти зиёда аз ҳашт сол аз ишғоли Ироқ ва барканории Саддом Ҳусейн, Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ҳамоно наздик ба 47 000 сарбоз дорад. Хуруҷи комили нерӯҳои Амрико аз Ироқ, бино бар аҳдномаи ҳарбии дуҷониба то поёни имсол иттифоқ хоҳад афтод. Иёлоти Муттаҳида расман амалиёти ҳарбӣ дар Ироқро моҳи августи соли гузашта хотима дод, аммо ҳанӯз ҳам даргириҳои алоҳида ва бомбгузориҳо идома доранд. Дар моҳи июн ҳамчунин бештарин теъдоди ироқиҳо дар 9 моҳи охир кушта шудаанд. Бино бар омор 271 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 155 нафари онҳо афроди осоишта, 77 корманди полис ва 39 нафар сарбоз будаанд.
XS
SM
MD
LG