Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснашинии журналистони Узбакистон зидди сонсур


Ба яке аз ду журналисти узбак, ки зидди сонсур дар Узбакистон гусруснашинӣ эълон кардаанд, кӯмаки тиббӣ расонда нашудааст. Саодат Амонова ба иллати дарди сахти меъда мошини “Ёрии фаврӣ”-ро даъват кард, вале бемористонми маҳаллӣ аз кӯмак ба ӯ бо баҳонаи номнавис набуданаш дар пойтахти Узбакистон сарпечӣ кард. Пизишк Шукрулло Сироҷов, ки аз вазъи гуруснашиинҳо хабар мегирифт, мегӯяд, ҳардуи онҳо мебоист ба бемористон интиқол дода мешуданд. Рӯзи 27-уми июн, ки дар Узбакистон Рӯзи кормандони матбуот аст, ҳамроҳ бо Саодат журналисти дигар Малоҳат Эшонқулова дар назди қасри президент Ислом Каримов зидди сонсур гуруснашинӣ эълон карданд. Полис онҳоро бозошт кард ва Додгоҳи Тошканд ҳукми ҷаримаи онҳро баровард, ки бо 1 500 доллари амрикоӣ баробар будааст. Онҳо аз фишор ва сонсур дар телевизиони давлатии “Ҷавонон” эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG