Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармои фавқулода дар Тоҷикистон


Тоҷикистон бо ҳавои фавқулода гарми тобистон рӯбарӯ шудааст. Ҳарорати ҳаво, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ба якборагӣ гарм шуда ва беш аз 40 дараҷаро ташкил додааст, дар дигар манотиқи Тоҷикистон, ба хусус ҷануби ин кишвар гармӣ то 45 то 50 дараҷаро ташкил додааст, ки ба зиндагии инсонҳо ва фаъолияти корхонаву муассисаҳо асар гузоштааст. Сардори маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, Ҷамила Байдуллоева, ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин тафси ҳаво дар давоми ҳафтаи оянда низ идома хоҳад кард. Вай афзуд, гармии 41 ва 42 дараҷа ҳатто дар водиҳои шимоли кишвар ба мушоҳида мерасад, ки дар гузашта камтар иттифоқ меафтод. Барномаи ғизои Созмони Милал аз эҳтимоли хушксоли сахт дар Осиё ҳушдор дода, онро ба тағйири иқлими ҷаҳон марбут донистааст.
XS
SM
MD
LG