Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимоли лағви иттиҳомоти зидди Доминик Стросс-Кан


Муҳокимаи Доминик Стросс-Кан, раиси пешини Сандуқи байнулмилали пул, дар додгоҳи Ню-Йорк дар ҳоле идома мекунад, ки парвандаи ӯ, бино бар хабарҳо аз ҳам мепошад. Рӯзномаи "The New York Times" навишт, додситонҳо ба фикри лағви иттиҳоми ҷиноии зидди Кан ҳастанд, ки 14 май дар Ню-Йорк бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси як ходимаи меҳмонсаро боздошт шуда буд. Матбуот аз қавли манобеи беном мегӯяд, эътимод ба парвандаи Кан шадидан зери суол аст. Айбдоршавандаи 62-сола ҳадаф дорад ба тағйири шароити кафолати озодияш муваффақ шавад. Ба гуфтаи вакили мудофеъи ӯ Бенҷамин Брафман, интизор меравад, ки додгоҳ Стросс-Канро бознигарӣ кунад. Додгоҳ ӯро баъд аз пардохти гаравпулӣ -як миллион доллари нақд ва 5 миллион аз тариқи қоғазҳои гаронбаҳо аз маҳбас озод кард ва таҳти ҳабси хонагӣ қарор дод. Кан, ки ҳарчанд иттиҳомотро рад мекард, рӯзи 19-уми май аз мақоми раиси Сандуқи байнулмилалии пул истеъфо дод. Нозирон мегӯянд, озодии ӯ ба ширкаташ дар интихоботи президентии Фаронса роҳ нахоҳад кушод, ки барои ду давр дар 29-уми апрел ва 6-уми майи соли 2012 пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG