Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарсанҷии тарҳи қонуни асосӣ дар Марокаш


Ҷумъаи 1-уми июл марокашиҳо дар назарсанҷии умумии қонуни асосӣ муносибати худро ба ислоҳоти густарда дар ин кишвар муайян мекунанд. Марокаш монанди дигар кишварҳои Ховари Миёна дар оғози сол ба тазоҳурот ва раҳпаймоиҳои тарафдорони демократия ғарқ шуд. Ҳазорон нафар аз камбуди озодӣ, иқтисоди заиф ва фасоди сиёсӣ эътироз карданд. Аммо шоҳи Марокаш, зоҳиран, тавонист, бо пешниҳоди қонуни нави асосӣ аз густариши тазоҳурот ҷилавгирӣ кунад. Тарҳи ӯ ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳоро каофлат дода, густариши қудрати порлумон ва шохаи адлияро дар назар дорад. Аксари нозион бар инанд, ки тағйири воқеӣ пас аз ин назарсанҷии умумӣ ва оғози иҷрои нукоти қонуни нави асосии Марокаш дида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG