Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи СММ аз таҳқиқи рӯйдодҳои хунини Баҳрайн


Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун аз тасмими ҳукумати Баҳрайн ба таҳқиқи раҳпаймоиҳои тарафдорони демократия истиқбол кард. Вале вай пойфишорӣ кард, ки панҷ узви таъинии ҳайати таҳқиқ бояд тавонанд комилан мустақилона ва бино бар меъёрҳои байнулмилалӣ амал кунанд. Бино бар фармони подшоҳи Баҳрайн, ҳайати таҳқиқ, ки қарор аст, гузориши худро то 30-юми октябр пешниҳод кунад, ба ҳамаи афроди муфид, шоҳидону ширкаткунандагон ва аз ҷумла шоҳидони нақзи эҳтимолии ҳуқуқи инсон дастрасӣ дошта бошад. Дар саркӯби хунини тазоҳуроти Баҳрайн аз нимаҳои феврал то нимаҳои марти соли равон, бино бар омори расмӣ 24 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG