Пайвандҳои дастрасӣ

Ду бозии даври 20-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар як бозӣ мизбонон ва дар бозии дигар меҳмонон ғолиб омаданд.

Дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими меҳмон - “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳо: Шодибек Гаффоров, 6 (1:0). Шавкати Ҳотам, 11 (2:0). Шавкати Ҳотам, 25 (3:0). Маҳмадсаид Бобомуродов, 34 (3:1).

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ аз ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. Голҳо: Давронҷон Тухтасунов, 3 (0:1). Муҳаммад Умматқулов, 7 (1:1). Аъзам Ҳусейнов, 24 (1:2). Шӯҳрат Шамсиев, 29 (2:2). Аъзам Ҳусейнов, 62 (2:3). Комил Саидов, 75 (2:4). Шӯҳрат Шамсиев, 83 (3:4).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Истиқлол" 14 12 1 1 31-7 37
2. "Равшан" 16 11 2 3 31-11 35
3. "Регар-ТадАЗ" 15 9 3 3 31-14 30
4. "Хайр" 15 9 2 4 27-15 29
5. "Энергетик" 18 9 2 7 27-24 29
6. ССКА “Помир” 17 7 1 9 28-32 22
7. "Хуҷанд" 17 6 4 7 22-25 22
8. "Вахш" 16 6 1 9 17-19 19
9. "Парвоз" 17 5 2 10 18-35 17
10. “Шодмон” 18 4 2 12 20-36 14
11. "Гвардия" 17 1 2 14 13-47 5

Даври 20-ум
1 июл (ҷумъа)
«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол»
«Парвоз» - «Хайр»
«Гвардия» - «Вахш»

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG