Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 июл-Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ


Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мешавад.

AIPS - ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзиши 154 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои AIPS мебошанд. AIPS миёни расонаҳои хабарии байналмилалӣ, варзишгарон ва сарпарастон миёнаравӣ мекунад, барои хабарнигорони навқалам маҷлису давраҳои бозомӯзӣ ташкил менамояд. Дафтари кории АИПС дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст. Гианни Мерлои итолиёвӣ президенти AIPS мебошад.

Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, АЖРВТ 25-уми январи соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст. Оинномаи АЖРВТ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми майи соли 2001-ум ба қайд гирифта, 14-уми ноябри соли 2007-ум аз нав номнавис шудааст.

АЖРВТ узви Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ мебошад. Ин тасмим дар Конгресси 74-уми AIPS, ки аз 22-юм то 27-уми марти соли 2011-ум дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, гирифта шудааст.

“Аҳдофи аслии АЖРВТ, - мегӯяд Нарзулло Латифов, - рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин Ассотсиатсия ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзиши ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Ҳамкасбони азизро бо иди касбиашон табрик гуфта, барояшон тансиҳатию хонаободӣ, хушбахтӣ ва муваффақиятҳо орзумандам.”

Ба гуфтаи раҳбари Созмони журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон рӯзи 2-юми июл дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар ҳамоиши хабарнигорони варзишӣ ба муносибати иди касбиашон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG