Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хорватия барои вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо омода аст


Комиссиюни Аврупо хабар дод, ки рӯзи панҷшанбе музокирот бо Хорватия оид ба пайвастани кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо поён ёфт.

Қарор аст, ки расо баъд аз ду сол – 1 июли соли 2013 Хорватия узви 28-уми Иттиҳодияи Аврупо эълон шавад. То он замон бояд қарордод дар бораи пайвастани Хорватия ба Иттиҳодия имзо шавад ва ҳама кишварҳои узву худи Хорватия онро тасвиб кунанд.

Дар музокироти тулонӣ миёни Хорватия ва Иттиҳодияи Аврупо асосан рӯи талошҳои ҳукумат барои аз байн бурдани фасод ва ҳамкории пурраи Загреб бо Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг оид ба Югославияи собиқ тамаркуз шуд.
XS
SM
MD
LG